Партоби 'тухми мурғу гавҷафарангӣ' ба худрави ҳомили Кабирӣ дар Кӯлоб

  • 10 Июн, 2014
КабирӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар шаҳри Кӯлоб шуморе аз сокинон ба худрави ҳомили Муҳиддин Кабирӣ тухми мурғу гавҷафарангӣ партоб кардаанд

Пас аз мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб ба сӯйи худрави ӯ тухми мурғ ва гавҷафарангӣ (помидор) партоб шудааст.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯйи ҲНИТ, ки Муҳиддин Кабириро дар сафар ба шаҳри Кӯлоб ҳамроҳӣ мекунад, ба Би-би-сӣ гуфт: "Дар ин ҳамла бархеҳо аз санг ҳам истифода карданд."

Ҳамзамон, оқои Сайфуллозода таъкид кард кард, ки чанд худрави бидуни пилоки шумораи давлатӣ дар масири ҳаракати худравҳои мутаъаллиқ ба ҲНИТ садди маснӯъӣ эҷод кардаанд

Бо ин вуҷуд, дар ин ҳодиса касе осеб надида ва худравҳои ҲНИТ басаломат аз шаҳри Кӯлоб берун шудаанд.

Ӯ чунин иттифоқ бо раҳбари ҲНИТ-ро як амали "қаблан тарҳрезишудаи ниҳодҳои давлатии" Тоҷикистон унвон кард ва гуфт, ки чанд худрав мошинҳои ҳомили Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамроҳонашро аз шаҳри Кӯлоб то ноҳияи Восеъ дунболагирӣ кардаанд.

Зимнан, ба далели баста шудани дафтари маҳаллии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти оқои Кабирӣ бо ҷавонони ин минтақа дар манзили Муҳаммадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, анҷом шудааст.

Кормандони бахши Кумитеи молиёти Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб дари дафтари Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар дар ин минтақаро бастаанд.

Муҳаммадшариф Набиев, раиси бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, ки шаби гузашта кормандони молиёт бо баҳонаи “дар ин ниҳод сабти ном нашудани бахши ҲНИТ” ба дари дафтари ҳизб қуфл задаанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи оқои Набиев, тибқи қавонини Тоҷикистон, танҳо дафтари марказии ҳизб дар Кумитеи молиёт сабти ном шуда, аммо бахшҳои он, ки кормандонаш ҳуқуқ ё маъоши моҳона дарёфт намекунанд, бидуни сабт фаъъолият мекунанд.

Бино ба гузориши торнамои ҲНИТ, Маҳмадалии Ҳаит, муъовини раҳбари ин ҳизб, ин амали кормандони Кумитеи молиётро ғайриқонунӣ хонда ва гуфтааст: "Ин кор бояд аз роҳи даъват ё ҳадди аксар бо роҳи судӣ (додгоҳӣ) ҳал мешуд."

Ба эътиқоди оқои Ҳаит, ин иқдом ба дастури мақомоти давлатӣ ва ба манзури мамонеъат аз мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб анҷом шудааст.

Соли гузашта дар остонаи интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳе аз сокинон, умдатан занҳо, бо шиъорҳои “Мо намехоҳем ҷанг шавад” ва “Намехоҳем дар Кӯлоби мо чунин чорабинӣ баргузор шавад” ба дафтари ҲНИТ дар шаҳри Кӯлоб юриш бурда ва як тадбири ҳизбиро мухтал карда буданд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Ба эътиқоди оқои Ҳаит, бастани дафтари маҳаллии ҲНИТ ба манзури мамонеъат аз дидори Кабирӣ бо ҷавонон дар Кӯлоб сурат гирифта

Ин тадбири ҳизбӣ таҷлил аз мавлуди Ҳазрати Муҳаммад, паёмбари ислом буд. Ин афрод то охири ҳамоиш дар атрофи сохтмони ҳизб таҷаммӯъ карда, аммо ҷасорати ворид шудан ба дохили дафтари ҲНИТ-ро надоштаанд. Фаъъолони ҳизбӣ мегӯянд эҳсос мешуд, ки ин гурӯҳ аз ҷониби касе ҳидоят шудааст.

Фаъъолони Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, баста шудани дафтари бахши ҲНИТ дар минтақаи Кӯлоб ва монеътарошӣ дар роҳи баргузории мулоқоти раҳбари ҳизб бо ҷавонони ин минтақаро “идомаи фишорҳо дар чорчӯби “Прутукули 32-20” арзёбӣ карданд.

Дар моҳи феврали соли ҷорӣ Сайдмурод Назиров, як фаъъолни ҲНИТ, ба Идораи мубориза алайҳи ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе даъват шуд ва дар бораи таҳсилоташ дар Эрон, аз ҷумла, имкони омӯзиши низомӣ дар ин кишвар, мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд.

Ҳамчунин, шаби 7 феврали соли ҷорӣ телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон Маҳмадулло Холов, як сокини Исфараро, ки ба таҷоҷуз ба номуси ду духтарандари худ муттаҳам мешуд, узви ҳизби наҳзати исломӣ муъаррифӣ карданд. Аммо Ҳизби наҳзати исломӣ зимни як баёния ин иддаъро рад кард.

Ахиран як рӯҳонӣ дар шаҳри Панҷакент дар шимоли Тоҷикистон низ ба иттиҳоми озори ҷинсии як зан боздошт шуда ва ҳафтаи гузашта видеуе мунташир шуд, ки дар он ӯ ҳам аз аъзои ҲНИТ муъаррифӣ мешуд. Вале масъулони ҲНИТ ин иддиъоро рад карданд.

Матолиби муртабит