ҲНИТ: “Тахриби дафтари ҳизб-“армуғон”-и давлат дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдат”

  • 19 Июн, 2014
Дафтари ҲНИТ дар ХуҷандImage copyrightBBC World Service
Image caption Дафтари ҲНИТ дар Хуҷанд чандин сол боз фаъъол буд (акс аз сойти ҲНИТ)

Масъулони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар минтақа мегӯянд, ки мақомоти вилояти Суғд ба тахриби дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хуҷанд шурӯъ кардаанд.

Ин иқдоми давлат дар остонаи таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистонро онҳо ба унвони “армуғони ҷашнӣ” ба ин ҳизб, ки яке аз ҷонибҳои сулҳкунанда дар соли 1997 буд, пазируфтаанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯйи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон, дар сӯҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: “Бо вуҷуди гуфтугӯйи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб бо масъулони давлатии вилояти Суғд дар мавриди он ки тахриби ин дафтар то баъд аз таҷлил аз Рӯзи Ваҳдат вогузор шавад, онҳо аз дирӯз ба тахриби дафтари мо дар шаҳри Хуҷанд оғоз кардаанд. Чунин менамуд, ки давлат дар остонаи таҷлил аз солгарди Рӯзи Ваҳдат дар Тоҷикистон бо тахриби ин дафтар барои масъулони ҲНИТ ба истилоҳ “армуғоне”-ро пешкаш кард.”

Дафтари ҲНИТ дар микрорайони шумораи 20 дар шаҳри Хучанд, чандин сол бад ин сӯ фаъъолият мекард.

Тибқи хабари дафтари матбуъотии ин ҳизб, ҳамчунин масъулони давлатии вилояти Суғд субҳи рӯзи панҷшанбеи 19 июн дар назди дафтар иддае аз сокинони шаҳри Хучанд, ки умдатан занону духтарон буданд, гирдиҳам овардаанд, то бар зидди ин ҳизб шиъор зананд.

Ин афрод ба дохили дафтари дар ҳоли тахриб даромада ва аз масъулони ҳизб тақозо кардаанд, ки аз вилоят берун оянд.

Оқои Файзраҳмонов мегӯяд, ки шумори ин афрод ҳудуди 40 то 50 занон ва духтарон ва иддае аз мардҳо, аз ҷумлаи сокинони шаҳр таҷаммӯъ карда ва шиъорҳое аз қабли “Шумо ношукрӣ мекунед ва бояд ба давлати феълӣ шукргузор бошед”, "Фарзандҳои моро ба Сурия бурда куштед", "Моро монед дар сулҳу амонӣ зиндагӣ кунем"-ро партофтаанд.

Вай афзуд: “Ҳарчанд бештари ин афрод занон буданд,вале дар миёни онҳо иддае аз мардҳо, ки гумон мерафт, бархе аз онҳо кормандони интизомӣ буданд, бо либосҳои ғайринизомӣ мушоҳида мешуданд.”

Оқои Файзраҳмонов мегӯяд, ки ин дар ҳолест, ки қарор буд, имрӯз оқои Кабирӣ бо аъзои ин ҳизб дар ин дафтар мулоқот анҷом диҳад. Вай афзуд, ки

Дар ҳамин ҳол, масъулони ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, ки дафтари ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд дар макони нодурусте бунёд шуда ва он ҷо бояд гулзор ва маҳалли сайру гашт қарор гирад.

Вале масъулони ин ҲНИТ мегӯянд, ки ин маконро чандин соли қабл харидорӣ кардаанд ва замони сабти номи он ба унвони дафтар ҳеҷ мушкилоте дар ин замина вуҷуд надоштааст.

Афзун бар ин, ба гуфтаи онҳо ахиран давлати Тоҷикистон як корзоре алайҳи ин ҳизб ва аъзои он дар ин кишвар роҳандозӣ кардааст.

Қаблан додгоҳе дар шаҳри Турсунзода, бозори мавсум ба “Саховат”-ро, ки ба пайвандони Муҳиддин Кабирӣ таъаллуқ дошт, аз онҳо ба суди давлат бозпас гирифт.

Даҳ рӯзи қабл пас аз мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ин ҳизб бо ҷавонон дар шаҳри Кӯлоб, иддае аз сокинони ин шаҳр ба сӯйи худрави ӯ ва ҳамроҳонаш тухми мурғ ва гавҷафарангӣ (помидор) партоб карда буданд.

Масъулони ҲНИТ ҳодисаи ҳамла дар шаҳри Кӯлоб ва тахриби дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хуҷандро амалҳои қаблан тарҳрезишуда хондаанд.

Матолиби муртабит