Як муттаҳам ба таҷовуз ва қатли духтарбачае 4-сола ба 27,5 сол зиндон маҳкум шуд

  • 6 Июн, 2014

Сироҷиддин Қараев, як донишҷӯйи Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон, ба иттиҳоми қатл ва таҷовузи як духтарбачаи чаҳорсола барои 27 солу 6 моҳ равонаи зиндон шудааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар гуфт, ки муҳокимаи ин парванда дар авохири моҳи гузашта сурат гирифтааст.

Пулиси Тоҷикистон мушаххас карда, ки оқои Қараев Мадина Сафароваи чаҳорсоларо аз шаҳри Ваҳдат дуздида ва бо худрави худ ба соҳили рӯдхонаи Элок мебарад ва сипас таҷовуз карда, ӯро ба қатл мерасонад. Баъдан ҷасади Мадинаро дар наздикии рустои Навбаҳор пинҳон мекунад.

Вале маъмурони пулис тавонистаанд ин ҷиноятро ошкор ва Сироҷиддин Қараевро боздошт кунанд. Ҳамакнун Додгоҳи олӣ ӯро барои муҳлати тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

Дар Тоҷикистон сирқати духтарбачаҳои хурдсол ва таҷовуз ба онҳо падидаи тозае нест. Ва на дар ҳама ҳолат маъмурони пулис метавонанд омилони чунин ҷароимро сареъан боздошт ва муҷозот кунанд.