Муҳоҷими Шаҳбол Мирзоев муҷозот шуд

  • 19 Июн, 2014
МирзоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳбол Мирзоев дар асари лату кӯб дар воҳиди низомӣ дар бемористон бистарӣ шуд

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе Усмоналӣ Ғайратов, пизишкёри низомии як воҳиди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба иттиҳоми латукӯби як сарбоз ба муддати нуҳ сол равонаи зиндон кард.

Оқои Ғайратов дар лату кӯби сарбоз Шаҳбол Мирзоев ва “хориҷ шудан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ ва нақзи қавоъиди рафтори низомӣ”муҷрим шинохта шудааст.

Бар асоси мусаввабаи додгоҳ, ки рӯзи панҷшанбеи 19 июн эълом шуд, оқои Ғайратов муваззаф шуда, ба Шаҳбол Мирзоев ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ ҷарима пардозад ва 5 ҳазор сомониро, ки Идораи нерӯҳои марзбонӣ барои мудовои оқои Мирзоев масраф карда, ҷуброн кунад.

Ҳамчунин, тибқи мусаввабаи додгоҳ Гулрафтор Ширинова, пизишкёри низомии воҳиди марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, “барои бемасъулиятӣ дар адои вазифаи хидматӣ” ба муддати як сол аз хидмати низомӣ маҳрум шуда ва даҳ дарсади ҳуқуқ ё маъоши ӯ ба будҷеи давлат пардохт хоҳад шуд.

Шаҳбол Мирзоеви 23-сола шаби 8 марти соли ҷорӣ дар ягони низомии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби ҳамхидматҳояш лату кӯб шуда ва дар Маркази милии тиббии ин кишвар дар шаҳри Душанбе бистарӣ шуд.

Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз карда ва пизишкёр ё фелдшери низомӣ Усмон Ғайратов ба унвони мазнун дар лату кӯб боздошт шуд.

Зимнан, Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, ба хотири пайдо кардани ҳазинаи зарурӣ барои мудовои писараш манзили маскунии худ дар рустои Понғози ноҳияи Ашт дар шимоли Тоҷикистонро фурӯхтааст.

Баъд аз муддате мудово дар бемористонҳои Тоҷикистон, падараш водор шуд ӯро барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия мунтақил кунад.

Ба гуфтаи ӯ, бо вуҷуди ваъдаи Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, то ҳол ҳеч гуна маблағе барои мудовои сарбоз Шаҳбол Мирзоев ихтисос дода нашудааст.

Феълан Шаҳбол Мирзоев баъд аз анҷоми амал дар Русия ба яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда ва ба гуфтаи падараш давраи эҳё ва барқарорсозиро паси сар мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд дастону поҳояш ҳаракат мекунанд, вале то ҳол нишонае аз қадам гузоштани мустақиллонаи вай мушоҳида нашудааст. Пизишкон мушаххас кардаанд, ки дар пайи латукӯби ҳамхидматонаш сутунмуҳра ва устухонҳои Шаҳбол Мирзоев шадидан осеб дидаанд.

Ахиран Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, зимни як нома, ки дар торнамои созмонҳои алайҳи шиканҷаи Тоҷикистон мунташир шуд, эълом кард, ки ҳамаи махориҷи дармони ин сарбози осебдида пардохт мешавад.

Ду рӯз қабл аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар расид, ки Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитеи амнияти миллӣ ва Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии ин кишвар барои мудовои Шаҳбол Мирзоев мутаносибан 3 ҳазор ва 2 ҳазору 230 сомонӣ ихтисос додаанд.

Рӯзи 2 июни соли ҷорӣ дар Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи бадрафторӣ нисбат ба Шаҳбол Мирзоев шурӯъ шуда, аммо ба далели бад будани вазъи саломатӣ оқои Мирзоев дар ҷаласаи додгоҳ ширкат надошт.

Матолиби муртабит