Сарбозгирии иҷборӣ 'барои иҷрои нақша' дар Тоҷикистон

  • 29 Апрел, 2014
артишImage copyrightBBC World Service
Image caption Мақомот иддаъо доранд, ки шароити хидмати низомӣ дар артиши Тоҷикистон дар муқоиса бо даҳаи 1990 беҳбуд ёфтааст

Манобеъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар тӯли моҳи аввали сарбозгирӣ барои артиши ин кишвар ҳудуди 75 дарсад аз нақшаи худро иҷро кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки то анҷоми мавсими баҳории сарбозгирӣ фурсати зиёде боқӣ монда ва соҳибназарон мегӯянд, ки ин дафъа низ нақшаи сарбозгирӣ комилан иҷро хоҳад шуд.

Вале мунтақидони давлат бар ин назаранд, ки дар бештари маворид ҷалби навҷавонон ба хидмати низомӣ аз роҳи иҷбор, яъне боздошти ҷавон дар хиёбонҳо ва эъзоми онҳо ба артиш, ки "облава" номида мешавад, сурат мегирад, ки ин амр мавориди нақзи ҳуқуқи башарро ба ҳамроҳ дорад.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи ахир аз мавориди мухталифе аз латукӯби сарбозон дар артиш ва авоқиби нохуши он гузориш шуда ва нигарониҳои ҷомеъаро ба дунбол доштааст. Ахиран фирори як ҷавон дар шаҳри Хуҷанд аз амалиёти доругир ё "облава" ва шикастани сутунмуҳрааш ба ин нигарониҳоро бештар доман зад.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), аз аҳзоби умдаи мухолиф, ки дар порлумон ду намоянда дорад, ахиран тарҳи ислоҳи қонун дар бораи хидмати низомиро пешниҳод карданд.

Саидумар Ҳусайнӣ, муъовини раҳбари ҳизб ва узви порлумон, муътақид аст, ки тасвиби ин ислоҳот шароит барои рафъи чунин аъмоле назири “облава”-ро фароҳам мекунад.

ҲНИТ пешниҳод карда, ки ба сарбозони артиш ҳуқуқ ё моҳонаи муъодили ҳуқуқи мутавассит дар Тоҷикистон пардохт карда шавад. Барои таҳияи манобеъи молӣ ҷиҳати пардохти ҳуқуқ ба сарбозон, масъулони ҳизбӣ мегӯянд, ки бояд сандуқи вижае таъсис дода шавад.

Дар сурати тасвиби ин пешниҳод, дар ин сандуқ маболиғи хайрия ва маболиғе, ки бархе аз навҷавонон барои муъоф шудан аз хидмати низомӣ ба давлат мепардозанд, ҷамъ оварда хоҳад шуд. Қимати "озодӣ аз хидмати низомӣ"-ро ҳам бояд давлати Тоҷикистон таъйин кунад.

Оқои Ҳусайнӣ муътақид аст, ки анҷоми ин ислоҳот ҳамчунин шароитро барои эҷоди як артиши ба гуфтаи ӯ “ҳирфаӣ” фароҳам хоҳад сохт. Чунин пешниҳодҳое дар гузашта низ садо дода буданд, вале мақомот барои ислоҳи низоми артиш то ба ҳол иқдоми ҷиддие накардаанд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон ва узви порлумон, муътақид аст, ки тасвиби ин ислоҳот “облава” ё сарбозгирии иҷбориро ва фасод дар ин заминаро аз миён хоҳад бурд.

Вай гуфта, ки барои ислоҳи низоми сарбозгирӣ ба ҷойи пардохти маблағе муъодили 50 ҳазор сомонӣ дар иавази муъоф шудан аз хидмат бояд муҳлати хидмати сарбозиро аз ду то ба як сол коҳиш дод.

Оқои Шабдолов афзуд: "Мушкили аслии артиши миллӣ “дедовшина” (меҳтарсолорӣ) ё куҳансарбозон ҳастанд. Агар муҳлати хидмат то ба як сол коҳиш дода шавад, ин мушкил комилан аз байн хоҳад рафт. Зеро ба суфуфи артиш ҷавонони бомаълумот эъзом мешаванд. Онҳое ки таҳсилкарда нестанд, бояд ба сохтмони таъсисоти мухталиф ҷалб шаванд ва аз ин роҳ хидмати низомиро анҷом бидиҳанд."

Дар ҳамин ҳол, шабакаҳои давлатии телевизиюни Тоҷикистон дар ин шабу рӯз пайваста аз беҳбуд ёфтани шароити хидмати низомӣ ва пайвастани "довталабонаи" навҷавонон ба артиш барномаҳое намоиш медиҳанд.

Вале соҳибназарон мегӯянд, ки ба артиш умдатан ҷавононе эъзом мешаванд, ки аз хонаводаҳои фақир ҳастанд ва волидонашон тавони пардохти сармоя барои муъоф шудани фарзандонашон аз хидмати сарбозиро надоранд.

Тибқи иттилоъи маркази матбӯъотии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ҳоло дар ин кишвар ҳудуди 600 ҳазор нафар сокиноне ба сар мебаранд, ки метавонанд дар артиш хидмат кунанд.

Ҳамасола ҳудуди 16 ҳазор нафар ҷавонон ба артиш эъзом мешаванд. Гурӯҳҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ҳамвора аз наҳваи сарбозгирӣ ё эъзоми ҷавонон ба артиш бо шеваи иҷборӣ ё хушунатомез дар Тоҷикистон интиқод кардаанд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ мақомоти зирабтро дастур дод, ки аз сарбозгирии иҷборӣ парҳез кунанд. Вале шоҳидони айнӣ аз мавориди густардаи боздошт ва эъзоми иҷбории навҷавонон ба артиш хабар додаанд. Виедуҳое ҳам аз саҳнаҳои "облава" дар шабакаи ҷаҳонӣ мунташир шудааст.

Матолиби муртабит