Боздошти Абдураҳим Шукуров, наворбардори 'Озодагон', барои эъзом ба хидмати сарбозӣ

  • 26 Апрел, 2014

Абдураҳим Шукуров, филмбардори хабаргузории “Озодагон”, рӯзи шанбеи 26 апрел аз сӯи намояндагони кумисериёи низомии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар яке аз хиёбонҳои шаҳр боздошт ва иҷборан ба идораи кумисериё бурда шудааст.

Тибқи иттилоъи хабаргузории “Озодагон”, намояндагони кумисериёи низомии ноҳияи Шоҳмансур “облава” ва ё боздошти Абдураҳим Шукуровро инкор кардаанд, ҳарчанд ин хабаргузорӣ навишта, ки оқои Шукуров дар кумисериёи низомии ноҳияи Шоҳмансур нигаҳдорӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар гузашта чанд маротиба Абдураҳим Шукуров довталабона бо хоҳиши худ ба кумисериёи низомӣ барои адои хидмати сарбозӣ муроҷиъа кардааст, вале ба далели вазъи саломаташ табибон иҷозаи хидмати сарбозиро ба ӯ надодаанд.

Ин филмбардори ҷавон авохири моҳи декабр ҳангоме ки ба дунболи эъломи ҳукми додгоҳ алайҳи Зайд Саидов, тоҷири зиндонӣ, таҷаммуъи тарафдорони ӯро филмбардорӣ мекард, аз сӯйи маъмурони пулис барои ҳафт рӯз боздошт шуд, аммо пас аз эътирозҳои рӯзноманигорон ва бо пардохти 320 сомонӣ ҷарима озод шуд.