Раҳмоналӣ: Ҳазинаи мудовои Шаҳбол Мирзоевро мепардозем

  • 6 Июн, 2014
Шаҳбол МирзоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳбол Мирзоев соли гузашта довталабона ба хидмати низомӣ рафт ва мавриди латукӯб қарор гирифт

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ба вакили дифоъи Шаҳбол Мирзоев, сарбози осебдида аз хушунат, посух дода ва эълом кардааст, ки ҳамаи махориҷи дармони ин сарбози осебдида пардохт мешавад.

Матни номаи оқои Раҳмоналӣ дар торнамои созмонҳои алайҳи шиканҷаи Тоҷикистон мунташир шудааст.

Абдураҳмон Шарипов, вакили мудофеъи Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, ки авоили моҳи апрел унвонии оқои Раҳмоналӣ нома навишта ва тоза посухи онро дарёфт кардааст.

Шаҳбол Мирзоев дар пойизи соли гузашта баъд аз фориғ шудан аз донишгоҳ довталабона ба хидмати низомӣ рафт ва баҳори исмол аз сӯйи ҳамхидматонаш мавриди латукӯб қарор гирифт.

Баъд аз муддате мудово дар бемористонҳои Тоҷикистон, падараш водор шуд ӯро барои анҷоми амали ҷарроҳӣ ба яке аз бемориистонҳои низомии Русия мунтақил кунад.

Ба ин манзур вай водор шуд манзили хусусии худ дар ноҳияи Ашти вилояти Суғдро ба фурӯш гузошта ва аз ин роҳ махориҷи сафар ва мудово дар Русияро бароварда созад.

Ахиран созмонҳои алайҳи шиканҷаи кишварҳои Осиёи Миёна бо ирсоли номае унвонии мақомоти Тоҷикистон расидагии мунсифона ба ин қазияро тақозо карда ва хоста буданд, ки таҷрубаи истифода аз зӯр дар нерӯҳои мусаллаҳи кишвар аз байн бурда шавад.

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар посухи худ навиштааст: "Табобати таъҷилии ҷабрдида сарбози қаторӣ Мирзоев Шаҳбол Нуъмонович дар шуъбаи ҷарроҳии асабии №2-и Маркази миллии тиббии ҶТ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ ҳаматарафа аз ҳисоби Сарриёсати нерӯҳои марзбонии Кумитеи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гузаронида шуд."

"Минбаъд ҳам табобати консервативӣ ва табобати санаторию фароғатӣ барои барқароршавии саломатӣ, ки мутахассисони соҳавӣ тавсия додаанд, таъмин карда мешавад ва маблағи ҷуброни зарар дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хидматчиёни ҳарбӣ" ҷудо карда мешавад."

Дар посухи фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон андозаи ҷуброн эълом нашудааст. Ҳарчанд пайвандони Шаҳбол Мирзоев мегӯянд, ки қаблан бо ирсоли чанд нома ҳамаи махориҷи мудовои ӯро зикр кардаанд.

Феълан Шаҳбол Мирзоев баъд аз анҷоми амал дар Русия ба яке аз бемористонҳои шаҳри Хуҷанд мунтақил шуда ва ба гуфтаи падараш давраи эҳё ва барқарорсозиро паси сар мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳарчанд дастону почаҳояш ҳаракат мекунанд, вале то ҳол нишонае аз қадаммонии мустақиллонаи вай мушоҳида нашудааст. Пизишкон мушаххас кардаанд, ки дар пайи латукӯби ҳамхидматонаш сутунмуҳра ва устухонҳои Шаҳбол Мирзоев шадидан осеб дидаанд.

Латукӯб ва аъмоли дигари ғайриқонунӣ дар суфуфи артиши Тоҷикистон падидаи наве нест. Расонаҳои маҳаллӣ пайваста аз вуқӯъи чунин ҳаводисе хабар медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ аз вуҷуди чунин амр изҳори нигаронӣ мекунанд, вале то ҳол ба маҳви меҳтарсолорӣ ва мавориди хушунат дар артиш муваффақ нашудаанд.

Зимнан, дар ҳафтаи ҷорӣ додгоҳи низомии шаҳри Душанбе муҳокимаи Усмон Ғайратов, пизишки воҳиди низомии шумораи 2620-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба иттиҳоми латукӯби Шаҳбол Мирзоевро оғоз кардааст. Интизор меравад ҷаласоти додгоҳ дар ҳафтаи оянда идома ёбад.

Матолиби муртабит