Сарбози латукӯбшуда умед ба кумаки марзбононро аз даст додааст

  • 16 Апрел, 2014
Шаҳбол МирзоевImage copyrightBBC World Service
Image caption Шаҳбол Мирзоев беш аз як моҳ аст, ки дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ аст

Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои мудовои сарбози латукӯбшудаи худ маблағе ихтисос надодааст. Ба ин далел пайвандони Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифтаанд ӯро барои мудово ба яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав мунтақил кунанд.

Ба гуфтаи пайвандони оқои Мирзоев, вай шоми 8-уми марти соли ҷорӣ аз сӯйи ҳамхидатони худ дар ягони низомии 2620 мавриди латукӯб қарор гирифта ва феълан дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ аст.

Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, феълан вазъи ӯ беҳтар шуда, вале дар пайи латукӯб сутунмуҳрааш осеб дида ва наметавонад ҳаракат кунад.

Тибқи гузоришҳо, мақомҳои идораи нерӯҳои марзбонӣ, аз ҷумла Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, фармондеҳи ин ниҳод, пештар изҳор дошта буданд, ки ҳазинаи дармони Шаҳболро пардохт хоҳанд кард.

Масъулони бемористони Ибни Сино дар Душанбе гуфтаанд, ки барои мудово ва амали ҷарроҳии сутунмуҳраи Шаҳбол Мирзоев омодаанд ва маблағи мудово беш аз 56 ҳазор сомонӣ хоҳад шуд. Мақомоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки ин маблағро пардохт мекунанд.

Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, то ҳол мақомоти идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон барои мудово ва амали Шаҳбол ҳатто як сомонӣ ихтисос надодаанд. Вай гуфт: "56 ҳазор сомонӣ танҳо барои мудово лозим аст. Пизишкони эронӣ бояд сутунмуҳраи ӯро амал кунанд. Барои ин амал боз маблағи бештаре лозим аст."

Бо таваҷҷуҳ ба ин вазъ, пайвандони Шаҳбол Мирзоев тасмим гирифтаанд, ки ӯро барои мудово ва амали ҷарроҳӣ ба Русия мунтақил кунанд. Ба гуфтаи Нуъмон Мирзоев, онҳо қасд доранд ҳамаи махориҷи сафар ба Маскав ва харҷи мудово ва амалро худашон пардохт кунанд.

Оқои Мирзоев афзуд: "Мо тавассути яке аз пайвандонамон асноди марбут ба Шаҳболро ба яке аз бемористонҳои Маскав фиристодем. Ва дар интизори посухи онҳо ҳастем. Ҳатто намедонем, ки қимати амали сутунмуҳраи Шаҳбол чи қадар мешавад."

Масъулони Идораи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар бораи ин тасмими пайвандони Шаҳбол Мирзоев ҳанӯз ибрози назаре накардаанд.

Шаҳбол Мирзоев, ки 23 сол дорад, фориғуттаҳсили яке аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд аст. Вай дар пойизи соли гузашта довталабона ба хидмати сарбозӣ рафт. Вале гуфта мешавад, ки дар асари латукӯби ҳамхидматонаш ҷароҳати сангин бардошта ва бистарӣ шудааст.

Латукӯб ва аъмоли дигари ғайриқонунӣ нисбат ба тозасарбозон аз сӯйи сарбозони бузургтар, ки мардум ин аъмолро "дедовшина" (меҳтарсолорӣ) меноманд, дар суфуфи артиши Тоҷикистон падидаи тозае нест. Расонаҳои маҳаллӣ пайваста аз вуқӯъи ин гуна ҳаводис хабар медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон низ аз вуҷуди мавориди густардаи хушунат ва бадрафторӣ нисбат ба тозасарбозон дар артиши ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд, вале то ҳол ба решакании ин суннати нописандида, ки гуфта мешавад аз артиши Шӯравӣ ба мерос монда, муваффақ нашудаанд.

Матолиби муртабит