Оғози даъвати ҷавонон ба артиш
Бар асоси фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар маъракаи даъвати баҳории ҷавонон барои хидмат дар артиш шурӯъ шуд.
Дар назар аст, ин маърака аз 1 апрел то 31 майи соли ҷорӣ идома пайдо карда ва ҷавонони синни аз 18 то 27-сола барои хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҷалб шаванд.
Зимнан, ҳамасола ин маърака бо ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава” ҳамроҳ буда ва дар бархе маворид даъват шудани ҷавонони ҷисман носолим ба суфуфи нерӯҳои мусаллаҳ ба мушоҳида мерасад.
Коршиносон далели аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артишро ба шароити номусоъид ва озору азияти навсарбозон аз ҷониби сарбозони собиқадор марбут хондаанд.
Феълан теъдоди зиёди ҷавонони шароити хидмат муҳоҷирати корӣ дар Русияро бар хидмат дар артиши кишвар тарҷеҳ медиҳанд.
Артиши Тоҷикистон муташаккил аз нерӯҳои заминӣ, ҳавоӣ ва зиддиҳавоӣ буда ва ҳамасола ҳудуди 15 ҳазор нафар барои хидмат ба артиш ҷалб мешаванд.
