ҲНИТ ҳукми додгоҳ алайҳи Адолатовро маҳкум кард

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши баёнияе аз ҳукми додгоҳи ноҳияи Ванҷ алайҳи Саъодатшо Адолатов, раҳбари пешини ҳизб дар устони Бадахшон, шадидан интиқод кардааст.
Ахиран ин додгоҳ оқои Адолатовро ба иттиҳоми барангехтани низоъи мазҳабӣ барои панҷ сол равонаи зиндон кард. Вай 15-уми апрели соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд.
Дар оғози баёнияи ҲНИТ омадааст: "Пас аз шаҳодати собиқ роҳбарони ин шуъба Имомназар Имомназаров ва Сабзалӣ Мамадризоев, тарроҳони сиёсати зиддинаҳзатӣ ва зиддимиллӣ фикр мекарданд, ки касе ҷасорати ба душ гирифтани ин масъулиятро дар Бадахшон нахоҳад дошт. Вале, Саъодатшоҳ ҳамчун як ҷавонмарди ҷасур ва боъақида нишон дод, ки бо қатлу куштор ва фишор наметавон пеши роҳи андеша ва иродаи инсонҳои бедорро гирифт. Вале ҳанӯз аз рӯзи аввали ба ин масъулият пазируфта шуданаш баъзеҳо дар фикри интиқом барои чунин амали ҷасурона будаанд."
Шӯрои сиёсии ҲНИТ бар ин назар аст, ки боздошт ва муҳокимаи оқои Адолатов такрори ҳаводиси соли 1937-и қарни гузашта аст, зеро қабл аз боздошти ӯ мақомот "бо истифода аз равиши солҳои 37-и асри гузашта" дар расонаҳои расмӣ "туҳматномае бо имзои меҳнаткашон" алайҳи ин ҷавонмард ба нашр расондаанд.
Дар баёния омадааст: "Маъмулан, пайдоиши чунин мавод дар солҳои "репрессия" (саркӯб) ва мутаассифона, дар рӯзҳои мо ҳам, нишонаи тасмимҳои сиёсӣ нисбат ба афрод ва гурӯҳҳо будааст, ки баъдан мақомоти марбута онҳоро сохтакорона, тобиши ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ медиҳанд."
Қабл аз боздошти оқои Адолатов дар бархе аз расонаҳои расмӣ алайҳи Саъодатшо Адолатов матолиби интиқодӣ мунташир шуда буданд. Дар бархе аз онҳо оқои Адолатов ба доштани иртибот бо гурӯҳҳои ифротгарои минтақа муттаҳам шуда буд.
ҲНИТ ин нуктаро зери суол бурда, ки оқои Адолатов барои барангехтани адовати мазҳабӣ равонаи зиндон шудааст: "Бо айби "барангехтани низоъи динӣ" ҳукм содир намудан алайҳи Адолатов на танҳо мухолифи адолат аст, балки ба мантиқ рост намеояд."
Дар ин баёния омадааст, ки Саъодатшоҳ Адолатов роҳбарии шуъбаеро ба уҳда дорад, ки бахши аъзаме аз аъзои ҲНИТ пайрави мазҳаби ғайриҳанафӣ, яъне исмоъилия, мебошанд. Ӯ худ зодаи Бадахшонаст ва "дар рӯҳияи бародариву ҳамзистии байни пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва исмоъилия" ба воя расидааст.
Шӯроёи сиёсии ҲНИТ меафзояд, ки то ҳол ҳеч шикояте аз тарафи "бародарону хоҳарони бадахшонии мо" дар бораи вуҷуд доштани ин гуна мушкилӣ, на дар гузашта ва на ҳозира, ворид нашудааст.
Аз матни баёния чунин бармеояд, ки оқои Адолатов барои ҷилавгирӣ аз таблиғи ақоиди "ғайри ҳанафӣ ва ғайри исмоъилӣ" иқдом кардааст. Афроде дар ин минтақа шуруъ ба таблиғ кардаанд, ки на ҳанафӣ ва на исмоъилӣ ҳастанд, балки бо истифода аз арзишҳои ҳарду мазҳаб "худро омодакунандагони «зуҳури имом Маҳдӣ» эълон намуда, мардуми диндорро ба гумроҳӣ кашидаанд..."
Ба нивиштаи Шӯрои сиёсии ҲНИТ, оқои Адолатов ҳамчун шаҳрванд ва сокини ин маҳал "қарзи худро" анҷом дода ва онҳоро даъват кардааст, ки аз ин гуна "таблиғоти беасос ва мухолиф ба ақидаи мазҳабҳои ҳанафӣ ва исмоъилия" даст кашанд.
Дар ниҳоят, Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз мақомот тақозо карда, ки ҳукми додгоҳ алайҳи Саъодатшо Адолатовро лағв кунад. Ин ҳизби аз мақомоти давлатӣ ҳамчунин хоста, ки аз таъқибу фишорҳо бар дигарандешон даст кашида, пеши роҳи болоравии рӯҳияи эътирозӣ ва норизоятии мардум аз сиёсатҳои ахири ниҳодҳои давлатиро алайҳи ҳизбу ҳаракатҳо ва афроди оддӣ бигиранд.
Ин дар ҳолест, ки ҲНИТ мегӯяд фишорҳо алайҳи ин ҳизб тайи як соли ахир афзоиш ёфтааст. Аз сӯйи дигар, ниҳодҳои давлатӣ бо далоили мухталиф дар бархе аз манотиқ аз фаъъолияти ин ҳизб монеъ шудаанд.
Соҳибназарон мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон талош мекунад, ки дар остонаи баргузори интихоботи порлумонӣ дар соли оянда таблиғот алайҳи аҳзоби мухолифи худро афзоиш бидиҳад.
