Мушорикати беш аз 200 табаъаи тоҷик дар “ҷиҳод” дар кишварҳои ҷангзада

  • 20 Июн, 2014
ҶиҳодImage copyrightAFP
Image caption Манобеъи мустақил теъдоди атбоъи тоҷик дар даргириҳо дар Сурияро бамаротиб бештар аз омори пулиси Тоҷикистон медонанд

Ба гуфтаи пулиси Тоҷикистон феълан беш аз 200 шаҳрванди ин кишвар дар кишварҳои ноамн машғули ҷанг ҳастанд.

Ин матлбро Рамазон Раҳимзода, вазири кишвари Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 19-уми июн дар суҳбат бо хабарнигорон дар ҳошияи баргузории кунферонсе дар бораи "Муқовимат ба таҳдидҳо ва хатарҳои муъосир дар минтақаи Осиёи Марказӣ" матраҳ кард.

Вай ҳамчунин хабар дод, ки маъмурони пулис дар бораи ҳар яке аз ин атбоъ иттилоъи комил дар ихтиёр дошта ва аъмоли онҳо таҳқиқ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мавзӯъи мушорикати атбоъи тоҷик дар ҷиҳод дар кишварҳои хориҷӣ расонаӣ шуда ва дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз қавли муфтии Сурия эълом шуда, ки дар суфуфи мухолифони давлати Башор Асад ҳудуди 200 тан аз ҷангиёни тоҷик ҳастанд.

Дар видеуҳои мунташиршуда дар шабакаи ҷаҳонӣ шуморе аз атбоъи тоҷик, ки худро ҷиҳодӣ медонанд, изҳор доштаанд, ки теъдоди онҳо болиғ бар 600 нафар аст. Дар ҳамин ҳол, Рамазон Раҳимзода барои бори нахуст омори расмиеро дар ин замина ироа дода, вале таъкид кардааст, ки беш аз 200 нафар дар Сурия, Афғонистон ва Покистон дар саффи шӯришиён меҷанганд.

Image caption Тӯраҷонзода: "Дар Сурия ҷиҳод нест"

Бархе аз соҳибназарон дар мавриди наҳваи интиқоли атбоъи тоҷик ба манотиқи ҷангзадаи ҷаҳон назароти мутафовите доранд. Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, сардабири ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин афрод аз тариқи кишварҳои дигар, умдатан Русия, ба кишварҳои ҷангзада эъзом мешаванд.

Вай афзуд: “Дар ҷаҳон нерӯҳое вуҷуд доранд, ки ба эъзоми ҷавонон ба кишварҳои ноамн алоқаманд ҳастанд ва барои ин амр аз шароити молӣ низ бархурдор мебошанд.”

Оқои Сайфуллозода афзуд, ки мухолифи ширкати атбоъи тоҷик дар ҷиҳод дар кишварҳои хориҷӣ мебошад ва аз онҳо даъват мекунад, ки ба ватан баргарданд.

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, ки ахиран порлумон барои ислоҳи қонун дар бораи мушорикат дар ҷангҳо дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ барои атбои тоҷик муҷозоти сангинеро дар назар гирифтааст. Вале, бо ин вуҷуд теъдоди он идда аз атбоъи тоҷик, ки барои ҷиҳод ба кишварҳои дигар мераванд, андак нест.

Ахиран дар як навори видеуӣ саҳнае ба намоиш гузошта шуд, ки теъдоде аз ҷавонони тоҷик, ки барои ҷиҳод ба Сурия рафтаанд, ба нишони эътироз гузарномаҳои худро, ки моли Тоҷикистон аст, месӯзонданд.

Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли ахир давлати Тоҷикистон ба бозпас овардани он идда аз ҷавонони тоҷик, ки дар мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба сурати ғайрирасмӣ таҳсил мекунанд, иқдом кардааст. Гуфта мешавад, ки то ҳол ҳудуди се ҳазор нафар аз чунин ҷавонон ба ватан бозгаштаанд.

Аз сӯйи дигар, бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки теъдоде аз ҷавонони тоҷик ба далели мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ водор мешаванд барои ҷанг ба кишварҳои исломӣ раванд. Ҳарчанд дар фойлҳои видеуӣ ва раҳбарони гурӯҳҳои муҷоҳиддин чунин иддиъоҳоро мукарраран такзиб мекунанд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Фаридун Ҳодизода бар ин назар аст, ки афродеро, ки дар ҷиҳод мушорикат кардаанд, набояд зиндонӣ кард

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонода, рӯҳонии саршинос ва собиқ қозии мусалмонони Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки мушорикати атбоъи тоҷик дар даргириҳо дар Сурия ҳеҷ рабте ба ҷиҳод надорад: “Ҷиҳод замонест, ки ғайримусалмонҳо ба қаламрави кишвари исломӣ ҳуҷум карда ва мусалмонони дигар барои кумак ба ин кишвар мераванд. Дар Сурия ҷанг барои расидан ба қудрат аст.”

Шерхон Салимзода мегӯяд, ки дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон фаъъолияти 12 гурӯҳ ва созмони ифротгаро, назири Ҳизби Таҳрир, “Ансоруллоҳ”, Ҷунбиши исломии Узбакистон ва ғайра мамнӯъ эълом шудааст.

Вай афзуд: “Дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон 39 ҷинояти теруристӣ сабт шуда ва дар ин замина парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд. 233 ҷинояти ифротгароӣ ошкор шуда ва алайҳи садҳо нафар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Бештари ин гурӯҳҳо маҳв шуда ва ҷонибдоронаш муҷозот шудаанд.”

Дар ҳамин ҳол, Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки барои ҷилавгирӣ аз вазъияти мушобеҳ бояд бештар аз роҳи таблиғи зиндагии осоишта, бавижа дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик, кор гирифт.

Вай афзуд: "Ва набояд куллияи онҳоро зиндонӣ кард. Зеро дар зиндон ин афрод ақоиди худро таблиғ карда ва ҷонибдоронашонро бештар мекунанд. Бояд дар қиболи онҳо чунин таблиғоте анҷом шавад, ки муҳорибаи мусаллаҳонаи худро ҳамчун хоби даҳшатоваре дар зеҳнашон боқӣ бимонад."

Матолиби муртабит