Кумитаи умури дин маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” мунташир мекунад
Image copyrightBBC World ServiceТо авохири моҳи ҷорӣ нахустин шумораи маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа”, нашрияи Кумитеи умури дини Тоҷикистон мунташир хоҳад шуд.
Мавлон Мухторов, сардабири ин нашрия, ки дар гузашта муъовинати ин ниҳодро бар ӯҳда дошт, рӯзи душанбеи 26-уми май бо таъйиди ин хабар ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин маҷалла ба сурати мусаввар ва нахуст бо теъдоди 500 нусха мунташир мешавад.
Вале бо эҳтимоли зиёд то чанд моҳи дигар миқдори тирожи ин маҷалла бамаротиб афзоиш ёфта ва дар куллия масоҷиди кишвар миёни пайравони ислом тавзеъ хоҳад шуд.
Оқои Мухторов гуфт, ки чопи матолиби мухталиф дар бораи таърих ва мазҳаби ислом дар Тоҷикистон, вокунишҳо ба масоили мазҳабии феълӣ ва иттилоъ дар бораи адёни дигар мӯҳтавои маводди ин нашрия хоҳад шуд.
Вай афзуд, ки феълан маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” дар нашрияи марбут ба Кумитаи умури дини Тоҷикистон мунташир мешавад.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили умури дини Тоҷикистон дар робита ба тасмими ахири ин кумита гуфт, ки дар кишвар тақрибан куллия ниҳодҳои давлатӣ нашрияҳои хешро мунташир мекунанд ва таъсиси маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” падидае тоза нест.
Вай афзуд: “Муҳим ин аст, ки дар матолиби ин маҷалла ақоиди бегона ба мазҳаби мусалмонони Тоҷикистон, яъне ҳанафия роҳ наёбад. Зеро, бештаре аз раҳбарони ин ниҳод ва имом хатибони масоҷиди кишвар дар хориҷ аз Тоҷикистон омӯзиш мебинанд ва чунин эҳтимол баъйид нест”.
Бо ин вуҷуд оқои Ҳодизода аз тасмими Кумитаи умури дини Тоҷикистон барои интишори маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” пуштибонӣ кард ва гуфт, ки баъд аз интишори шумораи нахустинаш метавонад дар бораи мӯҳтаво ва сиёсати ин маҷалла изҳори назар кунад.
Ин дар ҳолест, ки давлати Тоҷикистон пайваста аз вазъи мазҳабӣ дар дохили кишвар ва роҳ ёфтани ақоиди дигар миёни мусалмонони кишвар, аз ҷумла ҷавонон изҳори нигаронӣ мекунад.
Ба эътиқоди соҳибназарон, чопи маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” метавонад то ҷое дар ҳалли ин мушкил мусоъидат кунад.
Аз сӯйи дигар, давлати Тоҷикистон дар чанд соли ахир кунтрули умури мазҳабӣ дар кишварро тақвият дода ва тавассути баргузории давраҳои омӯзишӣ барои имом-хатибон ва чопи мавзӯъоти мавъизаҳо барои онҳо талош дорад ақоиди онҳоро низ таҳти назорат дошта бошад.
Ба ин далел бештаре аз соҳибназарон муътақиданд, ки мӯҳтавои бештаре аз матолиби маҷаллаи “Дин ва ҷомеъа” дар чорчӯби сиёсатҳои феълии давлати Тоҷикистон дар умури дин хоҳад буд.
