Торнамои Маркази исломии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд
Image copyrightBBC World ServiceМаркази исломии Тоҷикистон аз он ба унвони муфтиёт ҳам ном бурда мешавад, торнамо ё сойти расмии худро роҳандозӣ кардааст.
Ба гуфтаи як манбаъ аз Маркази исломии Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, феълан ин торнамо ба таври озмоишӣ фаъъол шуда ва интизор меравад то авохири моҳи оянда комилан фаъъол шавад.
Дар ин торнамо иттилоъоте дар бораи масоҷид, таърихи ислом, уламо, китобхона, саволу ҷавоб, вақти намоз, мусоҳибаҳо ва сойири мавзӯъоти марбут ба зиндагии мусалмонон гирд оварда шудааст.
Манбаъи Маркази исломӣ аз посух ба ин суол, ки оё дар ин торнамо фатвоҳо ва ё матни мавъизаҳои намози ҷумъа низ мунташир хоҳанд шуд ё хайр, посух надод.
Ин дар ҳолест, ки торнамоҳои марбут ба рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон, назири бародарон Тураҷонзода пайваста ба суолоти мусалмонон посухҳо дода ва мавъизаҳоро низ мунташир мекунанд.
Соҳибназарон ҳадс мезананд, ки роҳандозии торнамои расмии Маркази исломии Тоҷикистон посухи мақомот ба фаъъолияти торнамоҳои чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ аст, ки аз маҳбубияти қобили мулоҳизае дар миёни мусалмонони кишвар бархурдор ҳастанд.
Вале ба гуфтаи онҳо, ҳанӯз барои муқоисаи ин торнамоҳо бо ҳам фурсат лозим аст. Зеро торнамои Маркази исломии Тоҷикистон тоза ба таври озмоишӣ фаъъол шуда ва матолиби зиёде интишор надодааст.
Аз сӯйи дигар, мақомоти тоҷик пайваста аз гароиши ҷавонони тоҷик ба созмонҳои ифротгаро ва теруристӣ изҳори нигаронӣ карда ва аз рӯҳониён даъват мекунанд, ки бо таблиғоти бештар аз ин амр ҷилавгирӣ кунанд.
Бархеҳо бар ин назаранд, ки роҳандозии торнамои Маркази исломии Тоҷикистон ин шароитро фароҳам мекунад, ки ниҳодҳои расмии исломии кишвар тавонанд мавзеъи худро дар ин заминаҳо расман баён кунанд.
Дар солҳои баъд аз касби истиқлоли худ давлати Тоҷикистон бо чолишҳои ҷиддии исломгароӣ рӯбарӯ шуда ва пайваста роҳҳои берун шудан аз ин равандро ҷустуҷӯ мекунад.
Ҳузури ҳазорон нафар аз сокинон дар вақти адои намоз дар масоҷид ва гароиши онҳо ба ҷараёнҳои мухталифи мазҳабӣ мақомотро нигарон кардааст. Вале то ҳол барои ҳалли ин мушкил ниҳодҳои давлатӣ натавонистаанд аз дастоварде хабар бидиҳанд.
