Фатвои Маркази Исломӣ дар бораи имоматӣ дар намози ҷаноза

  • 12 Феврал, 2014
МасҷидImage copyrightBBC World Service
Image caption Масҷиди марказии шаҳри Душанбе пайваста маҳалли баргузории намози ҷаноза интихоб мешавад

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури фатвое муқаррар кардааст, ки намози ҷанозаро дар маҳаллот бояд имомхатибони масоҷиди маҳаллӣ адо кунад.

Ин фатво ба дунболи ихтилоф бар сари хондани намози ҷаноза дар як масҷиди ноҳияи Рӯдакӣ, ки миёни тарафдорони Нуриддин Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва Ҷамолиддин Амонуллозода, имом-хатиби ин масҷид, рух дода буд, содир шудааст.

Дар он ҳодиса имом-хатиби масҷид иҷоза надодааст, ки оқои Тӯраҷонзода тибқи васияти шахси мутаваффӣ намози ҷанозаро бихонад. Пахши навори ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоъӣ бо номи “Ҷанозаи Ҳоҷӣ Қурбоналӣ” вокунишҳои тундеро ба дунбол дошт.

Ҳамакнун Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури фатвое мавзеъи худро дар мавриди ин ҳодиса рӯшан кардааст.

Дар ин фатво аз ҷумла омадааст: "Бо назардошти он ки баъзан дар масъалаи баргузории намози ҷаноза ва имоматӣ дар он баҳсу мунозираҳо рух медиҳанд ва чунин ҳолатҳо боъиси коста гардидани обрӯи ходимони дини мубини Ислом гаштаву ба сар задани ихтилофҳо миёни шаҳрвандон оварда мерасонанд, Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон ба хотири ба тартиб овардани намози ҷаноза ва имоматӣ дар он бо такя ба сарчашмаҳои муътамади мазҳабӣ қарор қабул намуд, ки тибқи он имоматӣ дар ҷаноза дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имомон, имомхатибон, сархатибон ва Раиси Шӯрои уламо вобаста ба сатҳи ҳузур ва мақоми ишғолкардаашон вогузор карда мешавад."

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, як ниҳоди мавриди ҳимояти давлат барои тақвияти иддаъои худ ба "сарчашмаҳои муътамади ҳанафӣ" низ рӯй оварда ва афзудааст: "Барои гузарондани намози ҷаноза султон, сипас қозӣ, баъд аз он имоми маҳалла, баъд аз он валии майит сазовортар аст... Беҳтарин мардум барои имом шудан дар ҷанозаи майит султон аст, агар ҳозир бошад. Агар ҳозир набошад, мустаҳаб аст, ки имоми қаря, баъд аз он валии майит тақдим карда шавад."

Дар мавриди ин нукта, ки гуфта мешавад, даъвати Нуриддин Тӯраҷонзода барои адои намози ҷаноза хости шахси вафоткарда буд, Маркази исломии Тоҷикистон низ шарҳ додааст: “Дар фатвои кубро омадааст: Шахсе пеш аз вафот васият кунад, ки бар ӯ фалон кас намози ҷаноза гузорад, васият ботил (бекор) мебошад. Фатво бар ҳамин аст."

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, раҳбари пешини мусалмонони Тоҷикистон, дар посух ба суоли яке аз корбарони сойти интернетии Turajon.оrg гуфта буд: "Соҳибони майит ҳаққи интихоби имомро доранд ва касе ҳуқуқ надорад бе иҷозаи онҳо имоми намоз шавад, хоҳ муфтӣ бошад хоҳ хатиб.”

Тӯраҷонзода аз суханони Имоми Аъзам иқтибос оварда, таъкид кардааст, ки ворисони майит аз султону қозӣ ва муфтӣ дида, ҳаққи бештар ба интихоби имом доранд.

Дар ҳамин ҳол, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, фатвои ахири Шӯрои уламоро дар мавриди имоматӣ дар намози ҷаноза “ғаразнок” хондааст.

Оқои Файзмуҳаммад гуфтааст: "Тибқи мазҳаби Ҳанафия дар кишварҳои исломӣ бояд султону қозию имоми маҳалла дар намози ҷаноза пеш дароянд. Аммо муассисини ин мазҳаб ҳамзамон ба ворисони майит дар бораи пешгузарӣ дар намози ҷаноза ҳаққи бештар додаанд."

Вай афзудааст: "Дар сурате ки агар шахси ҷанозахон аз сӯи майит васият шуда бошад, бояд иҷро гардад, чун ин ҳаққи ӯст ва ба инобат нагирифтани васият поймол кардани ҳаққи майит мебошад."

Матолиби муртабит