'11 ҷавони тоҷик дар даргириҳои Афғонистон ва Покистон ширкат карда ва кушта шуданд'

  • 9 Июл, 2013
Мавлон Мухторов
Image caption Оқои Мухторов бозгашти ҷавонони боқимондаи тоҷик аз кишварҳои исломиро амре зарурӣ хонд

Тибқи гузоришҳои расмӣ 11 ҷавони тоҷк дар даргириҳо дар Афғонистон ва Покистон ширкат карда ва ҷони худро аз даст додаанд.

Дар ин бора мақомоти Кумитаи дини Тоҷикистон хабар додаанд. Мақомоти ин кумита рӯзи сешанбе эълом карданд, ки беш аз 200 ҷавони тоҷик ҳанӯз ҳам дар донишгоҳҳои мазҳабии кишварҳои хориҷ машғули таҳсил ҳастанд.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод дар панҷ соли ахир беш аз ду ҳазор ҷавони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои ислмоӣ дар кишварҳои хориҷ таҳсил мекарданд, ба кишвар бозгардонда шуданд.

Мавлон Мухторов, муъовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон дар нишасти матбӯъотии ин кумита, рӯзи 9 июл гуфт, кормандони ин кумита таҳқиқоти вижаеро дар навоҳӣ ва вилоёти ин кишвар дар заминаи мушаххас кардани шумори дақиқи ҷавононе, ки машғули таҳсил дар донишгоҳҳои исломӣ ҳастанд, анҷом додааст.

Ӯ гуфт: “Дар хориҷ аз Тоҷикистон беш аз 200 ҷавон боқӣ мемонанд. Бештари аз ҷавонон бо пешниҳоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан бозгаштанд. Аммо тибқи гузоришҳои расмӣ дар нооромиҳои Сурия се нафар аз ҷавонони тоҷик, ки дар онҷо машғули таҳсил будаанд, кушта шуданд. 11 ҷавони дигар аз Тоҷикистон дар даргириҳо дар Афғонистон ва Покистон ширкат карда ва ҷони худро аз даст додаанд.”

Аз ин рӯ оқои Мухторов бозгашти ҷавонони боқимондаи тоҷикистонӣ аз кишварҳои исломӣ ба кишварро як амри зарурӣ хонд.

Аз сӯйи дигар Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти ахири худ бо фарҳангиён, рӯҳониюн ва фаъъолони ҷамоъатҳои вилоёти мухталифи Тоҷикистон, аз афзоиши ифротгароӣ ва суистифода аз мазҳаб аз сӯйи иддае аз афрод "барои расидан ба ғаразҳои хусусӣ ва сиёсӣ" изҳори нигаронӣ карда буд.

Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт: "Тибқи маълумот, имрӯз беш аз 80 хонавода, аз ҷумлаи шаҳрвандони мо дар минтақаи Вазиристони Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд. Шумо мақсади ба он ҷо рафтани одамонро хуб медонед."

Раванди бозгардондани донишҷӯёни тоҷик аз мадориси исломии кишварҳои хориҷӣ, умдатан аз кишварҳои арабӣ , Эрон ва Покистон бо дастури Президент Раҳмон аз соли 2010 оғоз шуда буд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон он замон аз сокинони кишвар даъват кард, ки фарзандони худро аз мадориси мазҳабии кишварҳои исломӣ ба кишвар бозгардонанд.

Ҳуқуқдонҳо ин иқдоми давлати Тоҷикистонро маҳдуд кардани озодиҳои интихоби мазҳаб ва нақзи ҳуқуқи ҷавонон арзёбӣ карда буданд. Аммо масъулони зидахл мегӯянд, ки бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ ба таври иҷборӣ сурат намегирад, балки аз падару модарон даъват шуда, то фарзандони худро аз кишварҳои исломӣ бозгардонанд.

Аз сӯйи дигар, ҳарчанд он замон масъулони Кумитаи дин ва вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон ваъда карданд, ки донишҷӯёни бозгашта аз кишварҳои исломиро бо таҳсил дар дар донишгоҳҳои кишвар фаро хоҳанд гирифт, аммо тавре, ки имрӯз дар нишасти матбӯъотӣ хабар додаанд, ҳоло фақат ҳудуди 250 нафар аз онҳо дар муассисоти омӯзишии Тоҷикистон машғули таҳсил ҳастанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки ағлаби ҷавонон, аз ҷумла беш аз ду ҳазору 600 нафаре, ки аз донишгоҳҳои исломӣ ба Тоҷикистон бозгардонда шудаанд, барои ҷустуҷӯйи кор ба Русия рафта ва бархе дигар аз ин тариқ ба кишварҳои исломӣ барои таҳсил баргаштаанд.

Матолиби муртабит