'Тоҷикистон ба листи саркубгарони озодии динӣ ворид шавад'

  • 2 Май, 2013
uscirf
Image caption Кумисюни Байналмилалии Озодиҳои Динӣ, ниҳодест, ки фақат салоҳияти тавсия доданро ба давлати Омрико дорад

Кумисюни Байналмилалии Озодиҳои Динӣ дар Омрико ба давлати ин кишвар тавсия кардааст, ки ҳафт кишвари ҷадидро бо шумули Тоҷикистон ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии махусус” дар заминаи вазъи озодиҳои динӣ ворид кунад.

Ин кумиссюн тавсияҳои худ бар мабнои гузориши ҷадиди худ дар бораи вазъи озодиҳои динӣ дар кишварҳои ҷаҳонро ба вазорати хориҷаи Омрико ироъа кардааст.

Ин кумисюн, ки фақат салоҳияти тавсия доданро ба давлати Омрико дорад, ин гузоришашро рӯзи 30-юми апрел интишор додааст.

Ин гузориш менависад, ки Покистон дар як соли ахир дар ин кишвар вазъи озодиҳои динӣ, ба вижа вазъи ақалиятҳои динӣ бештар аз ҳар кишвари дигар нигаронкунанда шудааст.

Ба ин хотир тавсия шудааст, ки Покистон ба унвони номзади аввал барои ворид шудан ба феҳристи "кишварҳои мавриди нигаронии махсус” дар заминаи вазъи озодиҳои динӣ шинохта шавад.

Кишварҳои воридшуда ба ин феҳрист дар сурати беҳтар нашудани вазъият дар заминаи мавриди назар бо хатари таҳримҳо рӯбарӯ мешаванд.

Ин кумиссюн ба вазорати хориҷаи Омрико тавсия кардааст, ки дар канори Покистон, кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Миср, Ироқ, Найҷериё ва Виетнам низ ба феҳристи “кишварҳои мавриди нигаронии махсус” дар заминаи вазъи озодии адён ворид шаванд.

Дар ҳоли ҳозир дар ин лист кишварҳои Чин, Еритре, Эрон, Миёнмор, Куреи Шимолӣ, Арабистони Саъудӣ, Судон ва Узбакистон қарор доранд.