Баҳси маъош барои имом-хатибони масоҷид дар Душанбе

  • 30 Апрел, 2013
Ҳамоиш
Image caption Дар ҳамоише дар шаҳри Душанбе мавзӯъи нақши имом-хатибҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон баррасӣ шуд

Баҳси марбут ба лозим ё нолозим будани таъйини маъош аз будҷеи давлатӣ барои имом-хатибон дар Тоҷикистон дар ҳамоиши мавсум ба “Нақши масоҷид дар ҷомеъаи Тоҷикистон”, ки нашрияи "Asia-Plus" дар Душанбе баргузор кард, сурат гирифт.

Гуфта мешавад дар ҳоли ҳозир имом-хатибон бо кумакҳои молии намозгузорон дар масоҷид фаъолият мекунанд.

Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 30 апрел, дар ҳамоиши “Нақши масоҷид дар ҷомеъаи Тоҷикистон” гуфтанд, то ҳол давлати ин кишвар дар ин замина тасмими ниҳоӣ нагирифтааст.

Ба гуфтаи Мавлон Мухторов, муъовини раиси ин кумита, дар назар аст, мавзӯъи таъйини маъош барои имом-хатибҳои масоҷиди ҷомеъ дар моҳи июни соли ҷорӣ дар дидори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо уламо ва ходимони дини ин кишвар баррасӣ шуда ва тасмими ниҳоӣ дар ин замина иттихоз шавад.

Оқои Мухторов гуфт, агар тасмим шавад ба имом-хатибҳо маъош пардохт шавад, мумкин аст ин маболиғ аз будҷеи кишвар фароҳам шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мавзӯъи пардохти маъош ба имом-хатибон аз ҳисоби хайроти масҷид воридшуда матраҳ буд, то ба ин васила мустақилияти нисбии онҳо ҳифз шавад.

Аммо уламои исломӣ гуфтаанд, бар асоси шариъати исломӣ пардохти маъош ба имом-хатибон аз маболиғи хайрот макрӯҳ будааст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Абдуллои Раҳнамо, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон тибқи пажӯҳише, ки ӯ анҷом дода, дар Тоҷикистон танҳо якчанд масҷид, назири масоҷиди марказӣ дар Душанбе, Ҳазрати Мавлоно дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Шайх Муслиҳиддин дар шаҳри Хуҷанд сарватманд будаанд.

Дар ҳамоиши рӯзи 30-юми апрели Душанбе аксари коршиносони масоили мазҳабӣ аз имкони таъйини маъош барои имом-хатибон ибрози нигаронӣ карда ва гуфтанд, ки ин амр метавонад имом-хатибҳоро комилан “дарборӣ” кунад.

Субҳия Нозилова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Субҳ” гуфт, дар сурати дарёфти маъош аз будҷеи давлат имом-хатибҳо корманди давлатӣ маҳсуб хоҳанд шуд.

Image caption Хонуми Нозилова гуфт, дар сурати дарёфти маъош аз будҷеи давлат имом-хатибҳо корманди давлатӣ маҳсуб хоҳанд шуд

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонуми Нозилова, тибқи Қонуни асосии Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо буда ва созмонҳои динӣ як қишри мустақили ҷомеъаи кишварро ташкил медиҳанд.

Симати имом-хатибӣ интихобӣ нахоҳад буд

Саидаҳмад Қаландарзода, раиси созмони ғайридавлатии “Сипеҳр” дар ҳамоиши “Нақши масоҷид дар ҷомеъаи Тоҷикистон” гуфт, дар бархе аз кишварҳои исломӣ имом-хатибҳо аз ҷониби намозгузорон интихоб мешаванд.

Оқои Қаландарзода гуфт, дар сурати интихобӣ будани ин симат масъулият ва маҳбубияти имом-хатибҳо дар назди намозгузорон бештар хоҳад шуд.

Аммо дар Тоҷикистон таъйин ва сабукдӯш кардани имом-хатибҳоро Кумитаи дини ин кишвар ба ӯҳда дорад ва аз ин лиҳоз имом-хатибон умдатан бар асоси дастурҳои ин ниҳоди давлатӣ фаъолият мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Умед Бобохонов, раиси ширкати расонаии “Asia-Plus”, намозгузрони канисаю (синегог) калисоҳо дар Тоҷикистон дар интихоби раҳбарони мазҳабии худ озод ҳастанд.

Атоулло Қосимов, раиси Маркази бозомӯзии имом-хатибҳои Тоҷикистон гуфт, интихоботи озоди имом-хатибҳо дар маҳаллҳои ин кишвар натоиҷи мусбат ба дунбол надоштааст.

Ӯ ба унвони мисол аз таҷрубаи навоҳии Ванҷу Язғулом дар вилояти Бадахшон ёдовар шуд ва гуфт, ки имом-хатибҳо пас аз ду-се соли фаъолият аз мазҳаби ҳанафӣ дур шуда ва ба тариқи мазоҳиби дигар намозгузорӣ кардаанд.

Оқои Қосимов афзуд, ки ба манзури ҷилавгирӣ аз чунин ҳаводис қабл аз таъйин ба ин мақом номзадҳо бояд аз назари кумиссюни Шӯрои уламои исломӣ гузаранд ва "он вақт чунин мушкил пеш намеояд."

Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, дар пайи тасвиби Қонуни “Масъулияти падару модар дар тарбияти фарзанд” ва ҷилавгирӣ аз намозгузории ҷавонони то 18сола дар масоҷид миёни имом-хатибҳо ва намозгузорон мухолифатҳо буруз кардааст.

Гуфта мешавад, беш аз 30 имом-хатиб барои додани иҷозаи ҳузур дар масҷид ба ҷавонон ҷарима ё барканор шуда ва идомаи ин раванд метавонад ба камбуди имом-хатибҳои донишманд ва ботаҷруба дар масоҷиди ҷомеъи Тоҷикистон мунҷар шавад.

Матолиби муртабит