Оташсӯзии шиносномаҳои тоҷикӣ дар Сурия

  • 8 Апрел, 2014
ШиносномаҳоImage copyrightBBC World Service
Image caption Дар навори видиюӣ эълом шудааст, ки соҳибони ин шиносномаҳо ба Сурия расидаанд

Дар сойтҳои марбут ба ҷангҷӯёни исломии Сурия наворе пахш шуда, ки дар он оташсӯзии панҷ шиносномаи тоҷикӣ ба намоиш гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки соҳибони ин шиносномаҳо ба хотири ширкат дар ҷанги Сурия вориди ин кишвар шуда ва ҳамакнун нишонаҳои куфр бояд сӯзонида шаванд.

Манобеъи мухталиф теъдоди атбоъи тоҷик дар даргириҳои Сурияро ҳудуди 200 нафар унвон мекунанд. Давлати Тоҷикистон то ҳол омори дақиқеро дар ин бора пахш накардааст, вале ахиран чанд тан аз шаҳрвандони тоҷик, ки гуфта мешавад дар даргириҳои Сурия мушорикат доштанд бо ҳукми додгоҳ равонаи зиндон шуданд.

Давлати Тоҷикистон аз ҳузури атбоъи тоҷик дар даргириҳои Сурия нигарон аст ва тадобире барои бозгашти онҳо рӯйи даст гирифтааст. Бархе аз соҳибназарон тасмими давлати Тоҷикистон барои бозгашти донишҷӯёни тоҷик аз кишварҳои исломӣ ба ватан дар соли 2010-ро ба ин мавзӯъ марбут медонанд.

Вале дар гузашта дар сойтҳои интернетӣ аз фаъъолияти як кӯдаки тоҷик дар Сурия гузориш шуда буд, ки ба унвони тарҷумон барои донандагони забонҳои арабиву русӣ хидмат мекард.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, ки ба ҷангҳои Сурия умдатан навҷавононе озими сафар мешаванд, ки аз таҳти назорати волидайн берун мондаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран яке аз сойтҳои интернетии марбут ба ҷангиёни Сурия аз кушта шудани Абӯ Аҳмади Тоҷикӣ дар набардҳои ин кишвар хабар дода буд. Расонаҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки ин шахс зодаи шаҳри Кӯлоб мебошад ва қаблан барои дарёфти кор ба Русия сафар карда буд.

Бархе аз коршиносони тоҷик низ мувофиқанд, ки атбоъи тоҷик ба Сурия тавассути Русия мераванд ва талош мекунанд, ки барои бароварда кардани ниёзҳои хонаводаҳои худ маблағе пайдо кунанд.

Бо ин вуҷуд ҳузури атбоъи тоҷик дар даргириҳои Сурия мояи нигаронии мақомоти тоҷикро ба дунбол дорад. Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯйи раиси ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд “нафаре, ки ба даст силоҳ гирифт, аз ӯ ҳар кореро метавон интизор шуд. Ин шаҳрвандон бояд силоҳашонро таслим карда зуд ба ватан баргарданд”.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол ҳам мақомоти Сурия ва ҳам мақомоти тоҷик аз ироъаи омори дақиқ дар бораи ҷангиёни тоҷик дар набардҳои Сурия худдорӣ мекунанд. Танҳо дар поёни соли гузашта гузориш шуд, ки муфтии Сурия изҳор дошта дар суфуфи мухолифони давлаташ 190 нафар атбоъи тоҷик меҷанганд.

Вале Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик ин рақамро дуруст намедонад. Вай гуфт: “Албатта тоҷикон дар ҷангҳои кишварҳои шарқӣ ва Қафқоз ҳузур доранд. Вале теъдоди онҳо ҳамеша андак аст. Фикр мекунам, ки дар Сурия низ теъдоди онҳо аз 50-60 нафар бештар нест”.

Матолиби муртабит