Абдулқодирзода, достони қавми Лут ва ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Душанбе ҳамҷинсгароиро як "мусибат ва офат" барои ҷомеъа хондааст.
Хабаргузории маҳаллии "Озодагон" рӯзи ҷумаъи 7 феврал навишт, ки Саидмукаррами Абдулқодирзода зимни суханронӣ дар миёни намозгузорон ҳамҷинсгароиро маҳкум кардааст.
Ба навиштаи ин хабаргузорӣ оқои Абдулқодирзода аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар Тоҷикистон бархе аз ҷавонон ба ин аъмоли ба гуфтаи вай “номатлуб” даст мезадаанд.
Вай гуфтааст: "Шарм медорам, ки аз болои минбари масҷид дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунам, вале вазъият инро тақозо мекунад. Мутаассифона, баъзан мешунавем, ки шахсиятҳои илмноку бофарҳанг ба ин роҳҳо мераванд. Занҳои ҳалоли худро монда, роҳ сӯи мардони ҳаром мегиранд."
'Азоби Худо'
Оқои Абдулқодирзода афзудааст, ки "ҳар қавм ва ё миллате, ки даст ба ин аъмол зада, ба азоби сахт гирифтор шудааст." Вай ҳамчунин ба достони қавми Лут ишора карда, ки дар Қуръон ва бархе дигар аз кутуби динӣ дар бораи он ривоят шудааст.
Тибқи ин достон, ҳамҷинсбозӣ дар миёни қавми Лут, паямбаре аз паямбарони Банӣ Исроил, ривоҷ ёфт ва ҳарчанд ӯ мардумашро аз ин кор манъ мекард, аммо касе ба насиҳатҳои ӯ гӯш намедод. Дар натиҷа, Худованд ин мардумро ҷазо дод ва шаҳри онҳоро зеру забар кард. Лут аҳлу иёл ва фарзандонашро шабҳангом бо худ гирифту берун рафт, магар занаш, ки бо он қавм ҳалок шуд.
Аз ин ҷо, истилоҳи "ливота", ки дар фиқҳи исломӣ ба маънои ҳамҷинсбозӣ аст, аз номи Лут бармеояд ва дар адабиёти мазҳабӣ ба афроди ҳамҷинсгаро гоҳо "лутӣ" (яъне шабеҳи қавми Лут) мегӯянд.
Ливота ё ҳамҷингароиро шариъати исломӣ, монанди бисёре аз адёни дигар, башиддат маҳкум карда ва ба гуфтаи коршиносони умури мазҳабӣ, ҳадди (ҷазои) ин амал дар ислом ҳам барои фоъил (кунанда) ва ҳам барои мафъул (пазиранда) дар бештари маворид эъдом аст.
Дар сурате ки фоъил муҷаррад бошад, ҳаддаш сад тозиёна аст, аммо ҳадди мафъул (пазиранда) дар ҳар шароите, ҳатто агар мавриди иҷбор ва таҷовуз қарор гирифта бошад, боз ҳам марг аст.
Дар Тоҷикистон, ки давлате секулор ва дорои қавонини ғайримазҳабист, ҳеч муқаррароте дар бораи ҳамҷинсгароӣ ва анвоъи дигари гароишҳои ҷинсии ғайримутаъориф вуҷуд надорад, вале тарзи бархӯрди ҷомеъа бо ҳамҷинсгароён муҳофизакорона ва гоҳ хасмона арзёбӣ мешавад.
Ин мавзӯъ аслан тобу маҳсуб мешавад ва мардум дар бораи ин навъ гароишҳои ҷинсӣ маъмулан суҳбат намекунанд. Суханони раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон низ, ки як мақоми расмии мазҳабӣ маҳсуб мешавад, камсобиқа буда ва ҳатто худи ӯ гуфтааст, ки шарм медорад дар ин бора суҳбат кунад.
'Беморӣ нест'
Оқои Абдулқодирзода ҳамҷинсгароиро дар ҳоле маҳкум карда, ки бархе аз афроди дорои гароишҳои ҷинсии ғарйриқарордодӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин авохир худро дар ҷомеъа чандон амн эҳсос намекунанд.
Аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, нашри мақолоте дар расонаҳо ва нашриёти дохилӣ ва ибрози назарҳои шахсиятҳои ҷудогонаи саршинос дар бораи манъи ҳамҷинсгароӣ дар Тоҷикистон, ҳамчунин баҳсҳо перомуни ин падида дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, ҳамҷинсгароёнро беш аз пеш ангуштнамо кардааст.
Дар ин мубоҳисот иддае аз афроди муҳофизакор хостори мубориза бо ҳамҷинсгароён, боздошту зиндонӣ кардан ва ҳатто қатлу нобудии онҳо шудаанд, аммо афроди миёнарав ё муътадил пешниҳод кардаанд, ки афроди ҳамҷинсгаро худро муъолиҷа кунанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи пизишкон ва коршиносони умури ҷинсӣ, ҳеч гуна дармон ё муъолиҷае барои ҳамҷинсгароӣ вуҷуд надорад ва ин падида дар илми пизишкӣ ба унвони беморӣ аслан матраҳ нест. Илми пизишкии имрӯз гароишҳои ҷинсии ғайримаъмулиро амре табиъӣ медонад.
Нигина Баҳриева, раиси созмони ғайридавлатии мавсум ба "Нота бене", ки дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар фаъъолият мекунад, мегӯяд, ки афроди ҳамҷинсгаро бо соири шаҳрвандон ҳуқуқи баробар доранд.
Вай дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт: "Ҳар гуна даъват барои мубориза бо чунин афрод, бавижа агар ин даъватҳо дар маърази умумӣ сурат бигирад, бар асоси қавонини мавҷуда дар Тоҷикистон ҷурм аст ва омилони чунин даъватҳое тибқи қонун муҷозот мешаванд."
Хонум Баҳриева мегӯяд, ки дар кулли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон афроди ҳамҷинсгаро таҳти муроқибати давлат қарор доранд ва тибқи натиҷагирии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт афроди дорои гароишҳои ҷинсии ғайриурфӣ дар феҳристи беморон қарор нагирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, ҷомеъашиносон мегӯянд, ки озору азияти афроди ҳамҷинсгаро дар Т оҷикистон мунҷар ба ин шудааст, ки ин афрод беш аз пеш худро аз ҷомеъа пинҳон доранду дар инзиво қарор бигиранд. Бештари онҳо аз суҳбат бо хабарнигорон ҳатто бидуни ифшои ҳувияташон худдорӣ мекунанд.
'Нигоҳи танаффуромез'
Алишер аз маъдуд афроди ҳамҷинсгаро дар Тоҷикистон аст, ки розӣ шуд дар ин бора суҳбат кунад, аммо нахост ҳувияташ ифшо шавад. Вай мегӯяд, ки бисёре аз дӯстонаш ҳар гоҳ мешунаванд, ки ӯ ҳамҷинсгарост, бо ӯ фосила мегиранд. Бархе ҳатто аз он бим доштаанд, ки "бемории ӯ ба онҳо ҳам сироят" накунад.
Бисёриҳо ба ман тавре нигоҳ мекунанд, ки гӯё ман ҷинояткор бошам, нафрат дар чашмонашон ҷӯш мезанад. Аммо чи кунам, кори баде накардаам, табиъат маро ин гуна офаридааст.
Вай гуфт: "Гароиши ҷинсии мутафовит бо дигарон бисёр сахт аст. Бисёриҳо аз ман ҳазар мекунанд. Дар хонавода, мактабу донишгоҳ, дар ҷойи кор, ман ҳамеша эҳсоси табъиз мекунам. Бисёриҳо ба ман тавре нигоҳ мекунанд, ки гӯё ман ҷинояткор бошам, нафрат дар чашмонашон ҷӯш мезанад. Аммо чи кунам, кори баде накардаам, табиъат маро ин гуна офаридааст."
Дар бисёре аз кишварҳо ҳамҷинсгароён бошгоҳҳои вижаи худро доранд, ки дар он ҷо гирдиҳам меоянд ва бо фаъъолиятҳои фарҳангию тафреҳӣ танҳоии худро ҷуброн мекунанд ва барои эҳқоқи ҳуқуқашон ба таври дастаҷамъӣ ва созмонёфта мубориза ва талош мекунанд.
Аммо ба гуфтаи Алишер, ҳамҷинсгароёни тоҷик аз бими ҳамлаи афроди тундрав ва ҳатто хатари юриши пулис ва боздошту шиканҷа шудан аз ҳар гуна гирдиҳамоӣ ва таҷаммуъ худдорӣ мекунанд, ҳарчанд вай мегӯяд, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи онҳо ба як чунин созмоне ниёз ҳаст.
Дар соли 2011 созмони ғайридавлатии мавсум ба "Имконоти баробар", ки ҳадафи он ҳимоят аз чунин афрод аст, кӯшиши баргузории ҳамоишеро барои дифоъ аз ҳуқуқи афроди ҳамҷинсгаро карда буд.
Аммо ин иқдом аз сӯйи бархе аз расонаҳо ва афроди ҷудогона башиддат маҳкум шуд ва то ҳол ҳеҷ созмони дигари мудофеъи ҳуқуқи башар кӯшиши бозгашти дубора ба ин мавзӯъро накардааст, ҳарчанд гуфта мешавад созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар аз ҳуқуқи ҳамҷинсгароён низ ҳимоят мекунанд.
