Кумаки рӯҳониён ба мубориза бо таҷовузи ҷинсӣ дар Хатлон

Савсан номи мустаъори як духтари ҷавон аз вилояти Хатлон аст, ки мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта ва мегӯяд, ки бо гузашти як сол аз ин воқеъа то ҳол мушкилоти равонӣ дорад.
Савсан мегӯяд, ки аз сӯйи марде, ки раҳбарии як ширкати кишоварзиро бар уҳда дорад, таҷовуз шуда ва ба ниҳодҳои мухталифе шикоят бурдааст, аммо мақомоти зидахл мавриди таҷовуз қарор гирифтани ӯро натавонистаанд собит кунанд. Вай мегӯяд, ки дар ҷомеъаи имрӯзӣ бештар эътимод ба суханони мард аст.
Пайвандони Савсан мегӯянд, ки ин воқеъа ӯро дар миёни мардум ангуштнамо кардааст ва онҳо аз эҳтимоли даст задани ин духтари ҷавон ба худкушӣ бим доранд. Аз ин рӯ, хоҳарбузурги Савсан кӯшиш мекунад, ки ӯро аз мадди назар дур намонад.
Савсан танҳо зани ҷавон дар вилояти Хатлон нест, ки дучори афсурдагӣ аз ин ҷурм шудааст. Омори расмӣ дар вилоят дар мавриди занҳои таҷовузшуда вуҷуд надорад, аммо масъулони созмонҳои ғайридавлатӣ аз мавориди зиёди таҷовуз шудани занон ва духтарон дар ин минтақа суҳбат мекунанд.
Иддае аз рӯҳониёни саршинос ва имом-хатибони ноҳияи Қумсангир дар ҷануби Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ин маворид тимеро барои мубориза бо коҳиши сатҳи ҷароим, аз ҷумла таҷовуз ба номус, таъсис додаанд.
Мубориза бо таҷовуз
Ин тим тасмим гирифтааст, ки бо мардуми маҳаллӣ мулоқотҳое анҷом диҳад ва дар ҷараёни онҳо аз авоқиби номатлуби ҷароими мухталиф суҳбат кунад.
Ин гурӯҳ, ки шумори бештари онҳо рӯҳониён ҳастанд, дар созмони ғайридавлатии “Моҳи мунир” таъсис шуда ва ҳадаф аз таъсиси он пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва ҷароими мухталиф унвон шудааст.
Аз ҷумла, аъзои ин гурӯҳ мавориди хушунати хонаводагӣ, худкушӣ ва таҷовуз ба номусро дар меҳвари аслии гуфтугӯҳои худ бо мардум қарор дода ва барои ин фаъъолиятҳояшон дастмузде низ дарёфт мекунанд.
Зиёда Ашӯрова, роҳбари созмони ғайридавлатии “Моҳи мунир”, ҳадаф аз таъсиси ин тимро ин гуна шарҳ дод: "Тими таъсисшуда бо занон ва духтароне, ки бо таҷовуз ба номус рӯбарӯ шудаанд, кор хоҳад кард. Ҳарчанд шумораи дақиқи ин занонро додситонӣ ва пулис дар ихтиёри мо нагузошт, аммо гурӯҳи мазкур ба хотири бозпарварӣ ва бозгашти онҳо ба зиндагии маъмулӣ фаъъолият хоҳад кард."
Масъулони созмони “Моҳи мунир” бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, ки ахиран мавориди зиёди таҷовуз ба номус дар ноҳияи Қумсангир сабт шудааст.
Ба ақидаи таҳлилгарони маҳаллӣ, ноҳияи Қумсангир, дар ҷануби Тоҷикистон, яке аз навоҳие мебошад, ки сокинони он дар муқоиса бо мардуми навоҳии дигар бештар суннатгаро буда ва ба рӯҳониён эътимод доранд.
Ин дар ҳолест, ки додситонии Қумсангир дар соли 2013 таҷовуз ба номуси ду зан аз миёни сокинони ин ноҳияро ифшо карда буд. Ва ин хабар мӯҷиби нигаронии иддае аз мардум ва афроди рӯҳонӣ дар ин ноҳия шуд.
Додситонии ноҳияи Қумсангир гуфта буд, ки як марди солманд ба номуси ҳамсари писараш ва дар мавриди дигар марде ба номуси духтари худаш, ки бева буда ва дар манзили волидонаш ба сар мебурд, таҷовуз кардаанд.
Додгоҳ ҳардуи онҳоро тибқи моддаи 138-и Қонуни кайфарии Тоҷикистон, дар таҷовуз ба номус муҷрим шинохт ва онҳо маҳкум ба зиндон шуданд. Бисёре аз сокинони ноҳия низ ин ду мардро маҳкум кардаанд.
Хонуми Ашӯрова гуфт, ки бештари рӯҳониёне, ки дар тими онҳо ҳастанд, баъди шунидани ин хабар барои ҳамкорӣ бо созмонҳои ғайридавлатии марбут ба умури занон ибрози алоқамандӣ кардаанд.
Додарбек Давлатов, рӯҳонии саршинос ва имом-хатиби масҷиди Эмом Бухории ноҳияи Қумсангир ва узви ин тим, дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт: "Иншоллоҳ, дар масоҷид ва маҳофиле, ки бо мардум мулоқот мекунем, аз назари ислом суханронӣ карда ва ба онҳо мефаҳмонем, ки ин кори зишт аст. Ҳадафи мо рӯҳониён ошноии мардум бо дини ислом аст ва агар мардум динро беҳтар дарк кунанд, ба корҳои зишт даст намезанад."
Хушунати хонаводагӣ
Аз сӯи дигар, оқои Давлатов афзуд афроде, ки ба корҳои зишт даст мезананд, аз мазҳаб фарсангҳо дур ҳастанд. Ӯ мегӯяд: "Он афроде, ки ҷиноятеро муртакиб мешаванд, бештарашон бемаърифат ҳастанд."
Шамсихон Тамлиева, зане аз ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, ки имом-хатибон дар масоҷид мардумро ба роҳи нек даъват мекунанд ва ӯ аз таъсиси ин гурӯҳ, ки имкони суҳбатҳои рӯбарӯ бо рӯҳониёнро барои занон фароҳам мекунад, хушнуд аст. Зеро дар чанд соли ахир занон ва духтарон имкони шунидани суҳбатҳои имом-хатибон дар масоҷидро надоштаанд.
Масъулони созмони ғайридавлатии “Моҳи мунир” дар ноҳияи Қумсангир мегӯянд, ки барномаеро барои ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва худкушии занону духтарон рӯи даст доранд.
Хонуми Ашӯрова мегӯяд, ки мардум ба эҳтимоли зиёд ба гуфтаҳои афроди мазҳабӣ гӯш хоҳанд дод: "Дар гузашта мо гурӯҳе аз занҳо аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар ин мавзӯъ бо мардум суҳбат мекардем ва мегуфтем, ки дигар ба ин гуна корҳои номатлуб даст назананд, вале таъсираш камтар буд. Ҳоло аз рӯҳониён истифода мекунем, ки занҳо худкӯшӣ накунанд ва хушунату занозорӣ дар ноҳия коҳиш ёбад. Таваҷҷуҳи занону мардон ба ин мулоқотҳо зиёд аст."
Ба гуфтаи иддае аз афроди мазҳабӣ, ки аз ҷумлаи ъзои гурӯҳи тозатаъсис дар ноҳияи Қумсангир ҳастанд, ҳамкории онҳо бо созмонҳои ғайридавлатӣ онҳоро бо мардум наздиктар мекунад.
Онҳо тасмим гирифтаанд мулоқотҳои худро тавассути барномаҳои родию ва телевизиюн ва нашрияҳои маҳаллӣ пахш кунанд ва чунин мулоқотҳоро бо сокинони шаҳру навоҳии дигари вилояти Хатлон низ доир кунанд. Ин афрод ба ин боваранд, ки ин тадобир метавонад сатҳи ҷиноятҳои ахлоқиро коҳиш диҳад.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони умури ҷинсият дар Хатлон бар ин назаранд, ки мулоқоти рӯҳониён бо мардум агарчи судманд аст, вале роҳи ҳалли мушкили таҷовуз ва хушунат ба занон нест.
Сабзаалӣ Ғафуров, коршиносе маҳаллӣ, мегӯяд: "Коре, ки рӯҳониён дар мулоқот бо мардум мекунанд, огоҳсозӣ аз ислом ва гуноҳ будани хушунату таҷовуз аст. Аммо мушкили аслӣ ин аст, ки занон дар сурати мавриди хушунат ё таҷовуз қарор гирифтан намедонанд ба куҷо муроҷиъа кунанд."
Вай меафзояд: "Дар баробари кумаки рӯҳониён, хуб мешавад агар ҳуқуқдонҳо низ ба ин барномаҳо ҷалб шаванд ва ба қурбониёни таҷовуз ё хушунат кумакҳои воқеъии ҳуқуқии худро расонанд."
