Занони муталлақа дар Хатлон: беруни дар бо фарзандон

Як зани 30-сола дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон мегӯяд, ки шавҳари муҳоҷираш чанд моҳ пеш тавассути телефун ӯро талоқ кардааст.
Сайрам номи мустаъори ин зан аст, ки ӯ мегӯяд баъд аз талоқ ӯ ва ду фарзандаш дар манзили падар зиндагӣ мекунанд. Сайрам аз шавҳараш хоста, ки ҳадди ақал барои кӯдаконаш пул фиристад, вале дар ҷавоб аз ӯ талоқ гирифтааст.
Вай афзуд: "Ба ӯ гуфтам агар дар Русия ҷойи кор надошта бошӣ, ба назди бачаҳоят омада, дар инҷо кор кун, вале вай бо ман даъво кард. Ман наметавонам, ки бачаҳои кӯчакро танҳо гузораму дар ҷое кор кунам."
Сайрам танҳо зан дар вилояти Хатлон нест, ки аз шавҳари муҳоҷираш дар Русия талоқ гирифтааст. Мисли ӯ чандин зани дигар ҳастанд, ки шавҳаронашон мушкилоти иқтисодиро таҳаммул накарда ва тарки зану фарзандонашонро роҳи осони раҳоӣ аз ин буҳрон донистаанд.
Нигаронии мақомот аз талоқ дар хонаводаҳо
Азҳампошии хонаводаҳо дар Хатлон ва мушкили занҳое, ки пас аз талоқ батанҳоӣ аробаи зиндагии худро мекашанд, ба масъалае доғ дар ҷаласоти масъулони ҳукумати малаллӣ дар бархе аз навоҳии ин вилоят табдил шудааст.
Ахиран Давлатшо Гулаҳмадов, кафили риёсати вилояти Хатлон, аз афзоиши мавориди талоқ байни завҷҳои ҷавони хатлонӣ ибрози нигаронӣ карда ва ба масъулони идораи умури занони ин вилоят дастур додааст, ки омӯзиши ин падидаи номатлубро дар дастури кори худ қарор диҳанд.
Оқои Гулаҳмадов дар ҷаласаи кории ахир дар ноҳияи Бохтар ҳамчунин гуфт, ки мушкилоти хонаводаҳое, ки умдатан рӯзгори он ба дӯши занон аст, омӯхта шавад.
Вай дар ин нишаст таъкид кард: "Бояд мақомоти давлатӣ дар мавриди ҷудошавии завҷҳои ҷавон бетаваҷҷуҳ набошанд ва барои ояндаи фарзандони онҳо тадобире рӯйи даст бигиранд. Бояд кӯшиш кунем, ки сатҳи азҳампошии хонаводаҳо дар ин минтақаро коҳиш диҳем ва нагузорем, ки мардҳо хонумҳои худро талоқ диҳанд ва бачаҳояшонро танҳо ва бесарпараст гузоранд."
Дар ин ҷаласа раҳбари вилоят гуфт, ки дар ноҳияи Бохтар аз аввали соли ҷорӣ ҳудуди 100 мавриди ҷудошавии завҷҳо расман сабт шудааст, ки дар натиҷа ҳудуди 50 нафар аз кӯдакон аз муроқибати падарони худ бенасиб мондаанд.
Дар ҳамин ҳол, Саъодат Сироҷова, масъули идораи сабти аҳволи шаҳрвандии вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 1699 мавриди талоқ дар миёни завҷҳо дар ин минтақа сабт шудааст.
Ин масъули ҳукумати вилоят сабаби аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавонро омода набудани онҳо ба зиндагии мушктараки хонаводагӣ рабт медиҳад.
Бар асоси иттилоъи манобеъи расмӣ, аз ҳам пошидани хонаводаҳо бештар дар рустоҳои дурафтодаи вилояти Хатлон ба сабт расидааст.
Хостаҳои мардҳо барои талоқ
Маърифат Зоҳирова, мудири идораи умури занони вилоят, мегӯяд, ки масъулони ин ниҳод дар рустоҳои дурдасти вилоят бо занон ва духтарон дар бораи зиндагӣ дар хонавода суҳбатҳое анҷом медиҳанд.
Вай гуфт: "Аз ҳукумат ба мо дастур доданд, ки бо занон дар деҳоти дуруфтода суҳбатҳое анҷом диҳем ва фаҳмонем, ки дар зиндагӣ ба иштибоҳот роҳ надиҳанд ва духтарони худро барои зиндагии зану шавҳарӣ омода созанд."
Хонуми Зоҳирова замоне ки барои мулоқоти навбатӣ бо занон ба ноҳияи Балҷувон равона буд,гуфт: "Бо вуҷуди сардии ҳаво мо ба мулоқотҳо идома медиҳем. Қаблан дар навоҳии Ховалинг ва Муъминобод бо занон ва духтарон дидор доштем."
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз коршиносони умури иҷтимоъӣ бо ишора ба 95 дарсади тақозои мардон барои талоқ дар хонаводаҳои суннатии Тоҷикистон мегӯянд, ки беҳтар аст ин мулоқотҳо бо мардон анҷом шавад.
Ба гуфтаи онҳо, дар Тоҷикистон бештар мардҳо ҳастанд, ки зану фарзандони худро танҳо гузошта ва баосонӣ хонаводаи дигаре ташкил медиҳанд ва ба мушкилоти иқтисодии хонаводаҳои аввалашон расидагӣ намекунанд.
Гулнора Сайдалиева, як зани талоқгирифта дар шаҳри Сарбанд, мегӯяд: "Мардҳо бештар дар муҳоҷират дар Русия ҳастанд ва талоқи мо занон дар дасти онҳо мебошад. Бояд ба онҳо фаҳмонанд, ки занонро талоқ надиҳанд ва бачаҳои ноболиғро ятим нагузоранд. Агар мард бихоҳад, ки занашро талоқ диҳад, зани бечора коре карда наметавонад ва ночор аз манзил бо фарзандонаш берун меравад."
Хонуми Сайидалиева мегӯяд, ки вай қабл аз издивоҷ аз падару модар насиҳати зиёде дар бораи зиндагии муштарак дар манзили шавҳараш гирифтааст.
Ӯ гуфт: "Модарам борҳо ба ман мегуфт, ки дар зиндагӣ ба ҳама мушкил тоқат кунам ва ба мард сухани баде нагӯям. Ман ҳам ҳамин тавр мекардам. Вале бо ин вуҷуд, мушкилоти зиёде дар хонавода буд ва ман ҳам нахостам, ки мисли ғуломе дар хонавода бошам. Ба хотири он ки ҳуқуқамро хуб медонистам ва талоши дифоъ аз худро дар хонаи шавҳар мекардам, вай маро талоқ дод."
Аммо вай мегӯяд, ки бисёре аз занони рустоӣ бо вуҷуди эъмоли зӯроварӣ алайҳи онҳо ба хотири ҷудо нашудан аз шавҳаронашон аз ҳуқуқи худ дифоъ намекунанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони созмонҳои умури занон дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки бештари занони талоқгирифта дар гузашта таҳсил накардаанд ва дар бораи ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳаққи худ ба гирифтани саҳмашон аз манзили шавҳаронашон, иттилоъи зарурӣ надоранд.
