Кумитаи дин пардохти маъош барои 260 нафар имом-хатибро таҳти баррасӣ дорад
Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки таъйини ҳуқуқ танҳо барои имом-хатибони масоҷиди ҷомеъ дар назар аст.
Абдураҳим Холиқов, раиси ин кумита, дар нишасте матбӯъотии ин ниҳод гуфт, ки қарор аст беш аз 260 нафар аз имом-хатибон ҳуқуқбигир шаванд.
Оқои Холиқов, рӯзи сешанбеи 9 июл гуфт: "Давлати Тоҷикистон ҳамроҳ бо Вазорати молия ва ниҳодҳои дигари зирабт ният доранд, то охир соли чорӣ, 265 нафар аз имом-хатибони чумхуриро бо маъоши ҳадди ақал таъмин намоянд."
Дар ҳоле, ки бисёре аз ҳуқуқдонҳо бо ишора ба ҷудо будани мазҳаб аз сиёсат таъйини маъош барои имом-хатибони масоҷид дар Тоҷикистонро як иқдом барои ҷалби рӯҳониюн барои тарғиби сиёсати давлати феълӣ унвон мекунанд, оқои Холиқов ҳадаф аз ин иқдоми давлатро афзоиши сатҳи зиндагии афроди мазҳабӣ дар ин кишвар хонд.
Ӯ мегӯяд, ки имом-хатибон ахиран дар тарбияти маънавии ҷавонон нақши созандае дар Тоҷикистон ифо кардаанд.
Ҳамчунин Мавлон Мухторов, муъовнини раиси ин кумита дар тақвияти суханони раҳбараш гуфт, ки яке дигар аз ҳадафҳои таъйини ҳуқуқ барои имом-хатибон, дастрасии онҳо ба дафтарчаи корӣ ва таъмини ин афрод бо ҳуқуқи бознишастагӣ будааст.
Масъалаи таъйнин ҳуқуқ барои ходимони мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар пайи пешниҳоди Президент Раҳмон дар ин кишвар матраҳ шудааст. Оқои Раҳмон ин пешниҳодро ба масъулони зидахли давлатӣ дар ҷараёни мулоқоти худ бо фарҳангиён, рӯҳониюн ва фаъъолони ҷамоъатҳои вилоёти мухталифи Тоҷикистон ироа дод.
Аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон ин пешниҳоди раиси ҷумҳурро муғойир бо қонуни асосии кишвар донистаанд.
Тибқи қонуни асосии Тоҷикистон давлати ин кишвар як давлати секулор буда ва масоили дин аз давлат ҷудо ҳастанд.
