Фатво: "Бордоркунии маснӯъӣ танҳо бо доштани никоҳе мусалмонӣ муҷоз аст"

Маркази Исломии Тоҷикистон, баландтарин ниҳоди мазҳабии мусалмонон дар ин кишвар фатвое вежа барои танзими амалиёти бордоркунии маснӯъӣ дар ин кишварро содир кардааст.
Тибқи ин фатво танҳо завҷҳое, ки дорои ақди никоҳи шаръӣ ҳастанд метавонанд аз бордоркунии маснӯъӣ истифода кунанд ва дар анҷоми бордоркунӣ ба зани мавриди назар иҷоза дода шудааст, ки танҳо аз исперми шавҳари худ истифода кунад ва истифода аз исперми марде бегона шадидан мамнӯъ шудааст.
Бар асоси ин фатво ҳамчунин агар имкони бордоршавӣ аз селулҳои тухми зан вуҷуд надошта бошад, ҳамсари мард низ иҷоза надорад, ки барои бордоркунӣ аз селулҳои тухми зане бегона истифода кунад.
Барои анҷоми ин кор, яъне бордор кардани селули тухми зан, мард бояд муддате бо ин зан дар ақди шаръии исломӣ бошад. Аз сӯйи дигар раҳими ҷойгузинӣ ба шарте муҷоз хоҳад буд, ки зан бо марде, ки аз исперми он барои бордоркунӣ истифода мешавад, дар ақди исломӣ бошад. Дар ғайри ин сурат ин бордоркунии маснӯъӣ "ҳаром" маҳсуб хоҳад шуд.
Ҷамолиддин Хомӯшов, як масъули Маркази исломии Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 2 июл ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин фатво имрӯз дар ҷаласаи ин ниҳод содир шудааст.
Оқои Хомӯшов афзуд: "Завҷҳое, ки имкони доштани фарзандро надоранд, бояд ин қонунро риъоят кунанд. Ва агар издивоҷи мард барои доштани фарзанд бо зане дигар имконнопазир аст, бояд завҷҳо дар мавриди фарзандхонӣ фикр кунанд.”
Ҳарчанд фатвоҳои рӯҳониюн мумкин аст аз нигоҳи шаръӣ дуруст бошад, вале дар Тоҷикистон, ки кишваре секулор аст, ин фатво асоси ҳуқуқӣ надорад. Аммо ин фатво барои бисёре аз мусалмонон дар Тоҷикистон, ки пойбанди арзишҳои мазҳабӣ ҳастанд, як амри ҳатмӣ хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки дар авоили соли ҷорӣ, пизишкон дар Тоҷикистон аз зоймони як зан, ки аз тариқи бордоркунии маснӯъӣ ҳомила шуда буд, хабар доданд.
Ин зан, ки имкони бордорӣ бо роҳи маъмулиро надоштааст, баъд аз бордоркунии маснӯъӣ ду кӯдаки солим ба дунё овард.
Қимати анҷоми бордоркунии маснӯъӣ дар Тоҷикистон то 5 ҳазор дулорро ташкил медиҳад ва бо таваҷҷуҳ ба ҳуқуқи моҳонаи пойини аксари сокинон дар кишвар чунин ба назар мерасад, ки на ҳамаи афроди ниёзманд метавонанд аз ин амал истифода кунанд.
