Боздошти муллои 22-сола ба иттиҳоми кӯдакозорӣ
Вазорати кишвари Тоҷикистон аз боздошти як муллое хабар додааст, ки ба озори ҷинсии кӯдаки ҳаштсола муттаҳам мешавад.
Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба манобеъи вазорати корҳои дохилӣ хабар додаанд, ки ин фард Иқбол Раҷабови 22-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва муллои масҷиди деҳаи "Қулписта" будааст.
Бино ба гузоришҳо пулис оқои Раҷабовро дар озори ҷинсии кӯдаки ҳаштсола дар тӯли панҷ моҳ муттаҳам кардааст.
Парвандаи кӯдакозорӣ дар ин замина пас аз шикояти модари писари ҳаштсола, ки эҳтимолан дар назди ин мулло таълими динӣ мегирифт, боз шуд.
Барои бори нахуст нест, ки пулиси Тоҷикистон алайҳи як рӯҳонӣ ё мулло, марбут ба озори ҷинсӣ ё кудакозорӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз мекунанд.
Охирин қазияи пурсарусадои марбут ба як рӯҳонӣ дар кишвар, ин қазияи "муллои ҷодугар" буд, ки дар ин қазия додгоҳ Асадулло Қодировро дар суистифодаи ҷинсӣ аз заноне муқассир донист, ки ба назди ӯ барои табобати мазҳабӣ аз нозоӣ меомаданд.
Додгоҳ оқои Қодировро барои ҳафт сол равонаи зиндон кард.
