Тағйири номи Фарҳангистони ҲНИТ
Image copyrightBBC World ServiceДар пайи таҷдиди сохтори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон исми Фарҳангистони ин ҳизби умдаи мухолифи давлат тағйир ёфтааст.
Ҳамакнун аз ин ниҳод ба унвони "Шӯъбаи илм ва кор бо уламо" ном бурда шуда ва он минбаъд танҳо ба масоили таҳқиқи масоили исломӣ машғул хоҳад шуд.
Зубайдуллоҳи Розиқ, масъули ин ниҳод, ки дар гузашта раҳбарии Фарҳангистони ҲНИТ-ро бар уҳда дошт, рӯзи сешанбеи 13-уми май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба ин тартиб яке аз дархостҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар робита бо ғайриқонунӣ будани фаъъолияти Фарҳангистон иҷро шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳамакнун Шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ ба гунаи ҳамаи бахшҳои дигари ин ҳизб фаъъолият карда ва аз пахши фатво ва анвоъи дигари матолиби исломӣ худдорӣ мекунад.
Оқои Розиқ хабар дод, ки Шӯъбаи илм ва кор бо уламои ҲНИТ ҳамчунон дар сохтмони риёсати ин ҳизб дар шаҳри Душанбе воқеъ аст ва ба гунаи қаблӣ шунавандагонро барои таҳсил фаро намегирад.
Дар гузашта Фарҳангистони ҲНИТ давраҳои омӯзишӣ баргузор мекард ва пайваста ба суолоти хонандагони торнамои расмии ҲНИТ посух медод. Ҳамчунин, ин Фарҳангистон ҳар ҳафта дар масоили мухталиф фатво содир мекард.
Ин амр мӯҷиб шуд, ки дар моҳи майи соли гузашта Вазорати адлияи Точикистон бо ирсоли номае аз раҳбарии ҲНИТ хоста буд, ки фаъъолияти ин Фарҳангистонро мутаваққиф созад, зеро вуҷуди ин ниҳод "ғайриқонунӣ" буда ва ҳизби сиёсӣ ҳақ надорад чунин як ниҳоди омӯзишӣ дошта бошад.
Дар ниҳоят, раҳбарии ҲНИТ тасмим гирифт, ки фаъъолияти Фарҳангистони исломӣ ба таъвиқ дароварда шавад. Ҳамакнун ин Фарҳангистон тағйири ном карда ва салоҳияти худро таҷдид кардааст.
Он замон соҳибназарон иддаъо доштанд, ки чунин иддаъои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар чорчӯби фишорҳо алайҳи ҲНИТ ва раҳбарони он сурат мегирад ва интизор мерафт, ки бо мурури замон ин мушкил рафъ шавад.
Вале ба назар мерасад, ки раҳбарии ҲНИТ ҳалли мусолиматомези ин мушкилро мунтазир нашуда ва дархости Вазорати адлияи Тоҷикистонро иҷро кардаанд.
ҲНИТ дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 бахши аслии нерӯҳои мухолифро ташкил медод ва тӯли чанд сол бо нерӯҳои давлатӣ ҷангид. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.
Баъд аз имзои созишномаи сулҳи миёни тоҷикон дар соли 1997 ҲНИТ фаъъолияти худро дубора дар дохили кишвар аз сар гирифт. Тӯли ин солҳо номзадҳои ҲНИТ дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ ширкат карда, вале пируз нашуданд.
Дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ дар Тоҷикистон ду номзади ҲНИТ ба курсии порлумонӣ даст ёфтанд ва то ҳол дар миёни вакилон аз аъзои фаъъол маҳсуб мешаванд.
Феълан теъдоди ҷонибдорони ҲНИТ беш аз 60 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки ин рақам барои як ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон қобили мулоҳиза аст.
Гуфта мешавад, ки фишорҳои ахири давлат алайҳи ҲНИТ дар пайи пешбарии номзади воҳид аз сӯйи нерӯҳои мухолиф ва ислоҳталаби Тоҷикистон ба курсии риёсати ҷумҳурӣ дар пойзи соли гузашта оғоз шудааст.
ҲНИТ, ки дар ин эътилоф аз нуфузи бештар бархурдор буд, номзадии Ойниҳол Бобоназароваро пешниҳод кард. Ҳарчанд ба далоили мухталиф хонум Бобоназарова натавонист барои сабти номи худ миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ кунад.
