Имтиёз дар сафари ҳаҷ барои фаъъолони иҷтимоъии Душанбе

  • 20 Май, 2014
Маккаи муқаддасImage copyrightAFP
Image caption Дар соли ҷорӣ беш аз шаш ҳазор сокин аз Тоҷикистон ба зиёрати ҳаҷ мераванд

Шаҳрдории Душанбе барои фаъъолони иҷтимоъии пойтахти Тоҷикистон имтиёзи вижаеро барои зиёрати амокини муқаддаси исломӣ дар Арабистони Саъудӣ дар назар гирифтааст.

Бар асоси иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод, Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи дирӯзи шаҳрдорӣ ба кумисиюнҳои вижаи шаҳрдорӣ тавсия додааст, ки фаъъолияти худро барои иҷрои мусавваба дар бораи омодагӣ ба мавсими Ҳаҷ-2014 тақвият диҳанд.

Тибқи ин мусавваба, ки 6 майи соли ҷорӣ ба тавсиб расида, аъзои кумисиюнҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти навоҳии шаҳри Душанбе барои сафари ҳаҷ ба он идда аз афроде авлавият қоил мешаванд, ки дар зиндагии иҷтимоъии шаҳр фаъъолона ширкат кардаанд.

Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ, рӯзи сешанбеи 20 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки ба ин феҳрист ҳамчунин сокиноне шомил хоҳанд шуд, ки собиқадорони кор ҳастанд ва ё дар озмунҳои мухталиф, аз ҷумла “Волидони беҳтарин”, пирӯз шуда бошанд.

Оқои Саидов ҳамчунин гуфт: “Шаҳрдор тавсия дод, ки он идда аз афроде, ки барои бори нахуст ба зиёрати ҳаҷ мераванд, аз ин авлавият бархурдор хоҳанд шуд.”

Аз сӯйи дигар, оқои Убайдуллоев дастур дода, ки барои пазириши мунсифонаи дархостҳои довталабонси сафари ҳаҷ торнамои вижае роҳандозӣ шуда ва то сокинони алоқаманд аз тариқи интернет дархост бидиҳанд.

Дастури шаҳрдории Душанбе барои додани имтиёз ба фаъъолони шаҳр дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳои расмӣ дар соли ҷорӣ қарор аст, ки беш аз шаш ҳазор нафар аз Тоҷикистон зиёрати ҳаҷро анҷом диҳанд.

Масъулони Кумитеи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки онҳо маъмулан саҳмияҳо барои сафар ба Арабстони Саъудиро ба раҳбарони вилоёт ва шаҳрҳои мухталифи ин кишвар мефиристанд.

Тоҷиддин Асомуддинзода, муъовини раиси ин кумите, рӯзи сешанбеи 20 май ба Би-би-сӣ гуфт, ки як дарсади ин саҳмияҳо барои ташвиқи фаъъолони иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон дар назар гирифта шудаанд.

Оқои Асомуддинзода афзуд: “Кумите албатта ин саҳмияҳоро танҳо дар навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталиф тақсим мекунад, аммо тасмимгириҳо дар заминаи муъайян кардани фаъъолони иҷтимоъӣ ба зимаи раисони шаҳрҳо ва навоҳӣ аст. Ва албатта меъёр ва қонуни интихоби ин афрод дар прутукули вижаи давлатӣ мушаххас шуда ва он имтиёзҳое, ки мақомоти навоҳӣ дар назар гирифтаанд, расман вуҷуд дорад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Саидов гуфт он идда аз афроде, ки бори нахуст ба зиёрати ҳаҷ мераванд, аз авлавият бархурдор хоҳанд буд

Ин масъули кумитеи дин мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ қарор аст беш аз шаш ҳазор зоир ба зиёрати ҳаҷ раванд. Аммо ин суол матраҳ аст, ки оё имтиёзи вижа барои сафар ба ҳаҷ барои иддае аз раҳбарони навоҳӣ ва шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон имкони даст задан ба фасодро фароҳам нахоҳад сохт?

Дар солҳои ахир иддае аз сокинони шаҳри Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон аз он шикоят кардаанд, ки бо вуҷуди он ки онҳо чандин сол боз дархост медиҳанд, аммо наметавонанд ҳаҷ раванд.

Ба гуфтаи як ронандаи токсӣ, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, вай панҷ сол қабл дархости худ барои сафар ба ҳаҷро ба масъулон ироа додааст, вале то ҳол навбати ӯ барои сафар ба ҳаҷ нарасидааст. Вале ин сокини Душанбе мегӯяд, ки бархе аз дӯстони ӯ бо пардохти маблағи изофӣ тавонистаанд зиёрати ҳаҷро анҷом диҳанд.

Вале Тоҷиддин Асомуддинзода, муъовини раиси Кумитеи дини Тоҷикистон, мегӯяд, ки таҳияи феҳристи зоирини ҳаҷ ба таври шаффоф анҷом мешавад: "Бар асоси санадҳо ва меъёрҳои мушаххас дар заминаи интихоб ва сабти номи зоирин дар кумите санҷиш доир мешавад ва агар аҳёнан тахаллуфе ва ё қонунвайронкуние дар ин замина мушоҳида шавад, пеши роҳи он гирифта мешавад.”

Масъулони ин кумите ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳамасола беш аз 12 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон довталаби сафар ба ҳаҷ ҳастанд.

Аммо дар ду соли ахир ба хотири коҳиши 20-дарсадии сафари зоирин аз тамоми кишварҳо ба Арабистони Саъудӣ танҳо беш аз шаш ҳазор зоир аз Тоҷикистон ба Арабистони Саъудӣ хоҳанд рафт.

Дар соли гузашта низ аз Тоҷикистон беш аз шаш ҳазор нафар аз зойирон барои зиёрати амокини муқаддаси исломӣ ба Арабистони Саъудӣ рафта буданд.

Матолиби муртабит