Заминаи фаъъолияти бонкҳои исломӣ дар Тоҷикистон фароҳам шуд
Image copyrightBBC World ServiceПорлумони Тоҷикистон бо тасвиби Қонуни “Фаъъолияти бонкии исломӣ” роҳро барои фаъъолияти бонкҳои исломӣ дар ин кишвар боз кард.
Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 14 май дар иҷлоси порлумон суҳбат мекард, фаъъолияти бонкҳои исломиро барои рушди иқтисод ва ҷалби бештари сармоя ба Тоҷикистон муассир арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи оқои Ширинов, бонкҳои исломӣ барои тахсиси вомҳо суд ё баҳрае нагирифта, танҳо аз оидот ё фоидаи корхона ё афрод суде дарёфт мекунанд.
Ба эътиқоди ӯ, ин шакли бонкдорӣ дар муқобала бо буҳрони ҷаҳонии молӣ устувор буда ва таҷрубаи буҳрони шадиди молии соли 2008 дар ҷаҳон инро собит кардааст.
Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, низ гуфт, ки шакли бонкдории исломӣ барои рушди иқтисоди ин кишвар муҳим ва созанда аст.
Оқои Зуҳуров гуфт: "Бартарии бонкҳои исломӣ дар он аст, ки қарздиҳанда ба рушди фаъъолияти қарзгиранда алоқаманд аст. Талош мекунад, ки тиҷорат ё фаъъолияти корхона рушд кунад, то фоида ба даст ояд. Ин равандро назорат мекунад. Бонкҳои мо ба тарзи истифодаи қарз таваҷҷуҳе надоранд.”
Исмоъил Талбаков, намояндаи Ҳизби кумунист, дар порлумон мӯътақид аст, ки бо оғози фаъъолияти бонкҳои исломӣ рақобати солим миёни созмонҳои молӣ дар Тоҷикистон бештар шуда, ин амр ба ҷалби сармояи кишварҳои исломӣ, рушди иқтисод, эҷоди машоғили тоза ва коҳиши муҳоҷират мусоъидат хоҳад кард.
Ба гуфтаи оқои Талбаков, ба иллати 20 то 30 дарсад будани баҳраи бонкҳои маҷҷуд дар Тоҷикистон бештари сокинон имкони дастрасӣ ба вомҳоро надоранд ва аз ин лиҳоз бахши хусусӣ ба кундӣ рушд мекунад.
Аз сӯйи дигар, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи порлумон, фаъъолияти бонкҳои исломӣ дар кишварро ба тафаккур ва ақоиди мазҳабии сокинони Тоҷикистон ҷавобгӯ хонд.
Оқои Кабирӣ гуфт: "Иддае аз атбоъи тоҷик ба далели ақоиди динӣ маболиғи худро дар бонкҳои маъмулӣ, ки суд мегиранд, намегузоранд. Зеро аз нигоҳи шариъат ҷоиз нест. Бино бар ин, пулҳои худро дар хона нигаҳдорӣ мекунанд. Ин пул аз муъомилоти молӣ берун мемонад."
Ба эътиқоди коршиносон, Қонуни “Фаъъолияти бонкии исломӣ”, ки бо аксари кулли орои намояндагони порлумон тасвиб шуд, заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилиро барои фаъъолияти бонкии исломӣ фароҳам карда ва дар бахши бонкдории Тоҷикистон марҳилаи ҷадидеро оғоз хоҳад кард.
Феълан дар Русия, Озарбойҷон, Қирғизистон ва Қазоқистон бахшҳои бонкҳои исломӣ фаъъолият мекунанд.
