Давраҳои омӯзишӣ барои имом-хатибон дар бораи мазҳаби Ҳанафия
Image copyrightBBC World ServiceМаркази исломии Тоҷикистон баргузории давраҳои омӯзишии вижа барои имом-хатибони масоҷиди кишварро оғоз кардааст.
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси ин марказ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин давраҳо ба манзури омӯзиши имом-хатибон дар бораи мазҳаби ҳанафӣ баргузор мешаванд.
Ба гуфтаи оқои Абдулқодирзода, дар ин давраҳо то синафарӣ имом-хатибон гирдиҳам оварда мешаванд ва ҳадаф аз баргузории онҳо баланд бурдани сатҳи дониши онҳо дар бораи мазҳаб ва таълими кутуб дар бораи ақидаи ҳанафӣ аст.
Вай афзуд, ки то ҳол чунин як давра барои имом-хатибони масоҷиди шаҳри Душанбе сурат гирифта ва дар зудтарин фурсат давраи мушобеҳе барои имом-хатибони ноҳияи Рӯдакӣ оғоз мешавад.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон аз иқдомоти ахири давлати Тоҷикистон барои таблиғи мазҳаби ҳанафӣ интиқод карда ва мегӯянд, ки ин мазҳаб оҳиста-оҳиста ба як мазҳаби давлатӣ табдил мешавад. Ҳарчанд тибқи Қонуни асосӣ Тоҷикистон кишваре дунявӣ эълом шудааст.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили умури дин дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҳоло мазҳаби ҳанафӣ ба пояи мазҳаби давлатӣ нарасидааст, вале дар бархе аз қавонин ба нақши ин фирқа таъкид шудааст. Аз ҷумла, дар сарсухани Қонуни Тоҷикистон дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои мазҳабӣ аз нақши ҳанафӣ дар рушди фарҳанги миллӣ тақдир шудааст.
Гузашта аз ин, вай мегӯяд, ки маъмулан маркази исломӣ ва Кумитеи дини Тоҷикистон намояндагони мазҳабии кишварро барои омӯзиш ба кишварҳое мефиристанд, ки дар он ҷо мазҳаби ҳанафӣ роиҷ нест.
Оқои Ҳодизода ҳамчунин аз тасмими ахири давлати Тоҷикистон барои додани иҷоза ба Кувайт барои сохтмони Маркази “Васатия” дар кишвар интиқод кард.
Вай гуфт: “Мазҳаби Васатия ҳарчанд дар бархе аз кишварҳои Халиҷи Форс мазҳаби муътадил дониста мешавад, вале ман мутмаиннам, ки дар қиёс бо мазҳаби ҳанафӣ ин равия бозгӯйи исломи тундрав аст."
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибназарон таъкид мекунанд, ки тасмими Маркази исломии Тоҷикистон ба баргузории давраҳои омӯзишӣ барои имом-хатибон умдатан ба манзури ҷилавгирӣ аз гароиш ба ҷараёнҳои тундрави мазҳабӣ дар миёни сокинони кишвар роҳандозӣ мешавад.
Мавзӯъи гароиш ба ҷараёнҳои гуногуни мазҳабӣ барои ҷавомеъи бештари кишварҳои ҷаҳон ба мавзӯъи доғе табдил шуда ва ҳар кишвар талош дорад ба наҳве мутафовит аз ин амр ҷилавгирӣ кунад.
