Мушорикати як сокини Исфара дар даргириҳои Сурия
Image copyrightBBC World ServiceТелевизиюни давлатии Тоҷикистон аз мушорикати як сокини ноҳияи Исфара дар даргириҳои Сурия хабар дод.
Ин матлаб дар барномаи “Сипар”, ки маркази матбӯъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон таҳия карда, шоми рӯзи чаҳоршанбеи 23 апрел тавассути шабакаҳои давлатии телевизиюнӣ пахш шуд.
Дар ин барнома гуфта шуд, ки Ҳакимов Илҳом Юнусхоҷаевич, ки мутаваллиди соли 1986 аст, ба таври ғайриқонунӣ дар даргириҳои шӯришиён бо нерӯҳои давлати Башор Асад дар Сурия мушорикат дорад.
Ҳамчунин, хабар дода шуд, ки Нуриддин Ҳакимов, бародари Илҳом, ки узви Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон буда, ба интиқоли ҳамсар ва фарзандони Илҳом Ҳакимов ба Сурия мусоъидат кардааст.
Нуриддин Ҳакимов дар барнома гуфт: "Ман аз номи бародарам (дар нотариус) гувоҳинома додам ва барои сафари кӯдаконаш нахуст ба Русия ва сипас ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия ризоят додам."
Дар идомаи барнома падари Масрур Иброҳимов, як табаъайи дигари тоҷик, ки дар моҳи гузашта дар Сурия ҷони худро аз даст дода буд, аз ҷавонони тоҷик даъват кард, ки ба ватан баргарданд ва аз пайи корҳои хеш шаванд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳои гурӯҳӣ аз мушорикати ҳудуди 200 тан аз атбоъи тоҷик дар даргириҳои Сурия ва кушта шудани бархе аз онҳо гузориш кардаанд.
Мақомоти расмӣ то ҳол дар бораи ин афрод изҳори назаре накардаанд. Вале гуфта мешавад, ки маъмулан атбоъи тоҷик тавассути кишварҳои севум, назири Русия ва Туркия ба Сурия мераванд.
Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, муътақид аст, ки ҷавонони тоҷик ба Сурия на барои дарёфти сармоя, балки ба хотири ақида сафар мекунанд: "Онҳо мутмаиннанд, ки тибқи ақоиди худ бояд ба мардуми Сурия дар ҷанг бо диктотури ин кишвар кумак кунанд."
Ҷамолиддин Хомӯшов, раиси бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ҳаводиси Сурия ба умури дохилии ин кишвар марбут аст ва касе аз хориҷ ҳақ надорад дар он мудохила кунад.
Вай афзуд: "Афроде, ки барои ҷиҳод ба ин кишвар мераванд, аз донишҳои зарурии мазҳабӣ бархурдор нестанд ва ба онҳо бояд маънии аслии мушорикат дар ҷиҳодро рӯшан кард... Фикр мекунам, онҳо бояд қабл аз ҳама ба донишомӯзӣ ва тарбияти фарзандони худ машғул шаванд."
Муҳиддин Кабирӣ бар ин назар аст, ки ҳоло фурсат барои наҷоти ин афрод вуҷуд дорад ва мақомотро лозим аст барои ташкили равобити мустақим бо онҳо иқдомоти бештаре анҷом бидиҳанд.
Ҳафтаи гузашта дар торнамоҳои марбут ба шӯришиёни Сурия видеуе пахш шуд, ки дар он оташсӯзии панҷ шиноснома ва гузарномаҳои тоҷикӣ ба намоиш гузошта шуд буд.
Гуфта мешавад, ки соҳибони ин шиносномаҳо ва гузарномаҳо ба хотири ширкат дар даргириҳои Сурия вориди ин кишвар шуда ва бо оташсӯзии асноди арсмии худ гуфтаанд, ки "ин нишонаҳои куфр бояд сӯзонда шаванд."
Қаблан аз кушта шудани ду табаъаи тоҷик дар даргириҳои Сурия гузориш ва таъкид шуда буд, ки онҳо зодагони минтақаи Кӯлоб, дар ҷануби Тоҷикистон, будаанд.
