Интиқоди бародарон Тураҷонзода аз 'душмансозии' расонаҳои давлатӣ
Image copyrightBBC World ServiceБародарон Тӯраҷонзода муҳтавои барномаи хабарии яке аз телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистонро “буҳтони буқаламун” алайҳи хонаводаи хеш хондаанд.
Нуриддинҷон, Ҳоҷӣ Акбар ва Маҳмудҷон Тӯраҷонзода иттилоъияе дар торнамои (сойти) худ интишор дода ва дар он шадидан аз барномаҳои телевизиюнҳои давлатӣ алайҳи хонаводаи худ интиқод кардаанд.
Дар ин иттилоъия, ки рӯзи душанбеи 5 май пахш шуд, аз мақомоти Тоҷикистон ва масъулони расонаҳои давлатии ин кишвар дархост шуда, ки даст аз душмансозӣ бардоранд.
Ҳамчунин, бародарон Тӯраҷонзода аз ниҳодҳои интизомӣ ва расонаҳои давлатии Тоҷикистон қотеъона тақозо кардаанд, ки ба тавҳин, таҳқиб ва тавҳину фишор алайҳи хонаводаи онҳо хотима диҳанд.
Бародарон мегӯянд, ки туҳматҳои бархе аз ширкатҳои телевизиюнӣ ба хонаводаи онҳо "сол то сол чун буқалмун тағйири ранг мекунад." Дар гузашта Шӯрои уламои исломӣ хонадони онҳоро ба шиъа будан муттаҳам карда, вале дар барномаи ҷадиди телевизиюнӣ онҳо “салафӣ” муъаррифӣ шудаанд.
Дар иттилоъия омадааст: "Мо ҳеҷ гоҳ алайҳи миллат, давлатамон ва манофеъи он набудем ва нестем. Дуруст аст, ки дар баъзе мавзеъҳои марбут ба масоили исломӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандӣ назари мутафовит ва шояд мухолиф бо дидгоҳи мансабдорон дорем. Аммо доштани назари дигар ё андешаи дигар магар ҷиноят аст? Не! Балки Қонуни асосӣ гуногунандешии шаҳрвандонро замонат додааст."
Вокуниши бародарон Тӯраҷонзода, ки аз рӯҳониёни бонуфуз ва дигарандеш дар Тоҷикистон маҳсуб мешаванд, баъд аз ду рӯзи пахши барномае хабарӣ тавассути шабакаи аввали телевизиюни давлатӣ дар бораи ширкати ҷавонони тоҷик дар даргириҳои Сурия пахш мешавад.
Дар ин барнома чанд ҷавон, ки ахиран аз сӯйи кормандони Кумитеи амнияти миллии Тоҷикистон ба занни ширкат дар даргириҳои Сурия боздошт шудаанд, аз иртиботи худ бо хонаводаи Тӯраҷонзода суҳбат кардаанд.
Парвиз Меҳроҷи Қодир, яке аз ин ҷавонон, дар барнома гуфта буд, ки ӯ чанд сол қабл бо кумаки хонаводаи Тӯраҷонзода ба Сурия барои таҳсил дар як мадарасаи мазҳабӣ рафта буд.
Оқои Қодир дар ҷараёни суҳабаташ чанд бор аз ин хонавода ном гирифта ва мегӯяд, ки дар Сурия низ бархе аз пайвандони Тӯраҷонзода барои пазироӣ ба мадраса ба ӯ кумак кардаанд.
Аммо бародарон Тӯраҷозода дар иттилоъияи худ ин идаъоро такзиб мекунанд: "Ду ҷавоне, ки дар намоишнома худро шогирдони мадрасаи шахсии Тураҷонзода муъаррафӣ карданд, ё дуруғи маҳз гуфтанд, ё маҷбурашон намуданд, ки чунин туҳмат намоянд. Зеро мо онҳоро шахсан намешиносем."
Вале бародарон Тӯраҷонзода мегӯянд, ки шояд ин ҷавонон дар намозгузориҳо дар масҷиди онҳо дар гузашта ширкат карда бошанд, аммо онҳо таҳсили ин ҷавонон дар назди худ ва ё пайвандонашонро рад кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, дар Сурия дар ҳоли ҳозир 45 нафар аз атбоъи умдатан ҷавони Тоҷикистон ба сар мебаранд.
Сарвар Бахтӣ, яке аз масъулони дафтари матбӯъотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз ин шумора 20 нафарро донишҷӯён ташкил дода ва афроди боқимонда заноне ҳастанд, ки бо атбоъи Сурия издивоҷ кардаанд.
Ҳарчанд оқои Бахтӣ ширкати ҷавонони тоҷик дар даргириҳои Сурияро таъйид кард, аммо ӯ гуфт: "Мутаассифона, иттилоъе дар мавриди шумораи ин ҷавонон мо дар даст надорем."
Ҳамчунин, вай мегӯяд, ки омори дақиқе дар мавриди ҷавонони кушташудаи тоҷик дар даргириҳои Сурия низ дар даст нест. Аммо ӯ кушта шудани танҳо як табаъаи тоҷик дар Сурияро таъйид кард.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони сиёӣ низ мегӯянд, ки дар осотонаи интихоботи порлумонии соли оянда дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон тамоюл ба бадном кардани чеҳраҳои мухолиф , ки аз бархе аз сиёсатҳои давлат интиқод мекунанд, афзоиш ёфтааст.
