Афзоиши харҷи сафари ҳаҷ ва бимаи зойирон дар Тоҷикистон
Image copyrightAFPДар соли ҷорӣ арзиши сафари ҳаҷ барои сокинони Тоҷикистон "ба хотири изофа шудани ҳаққи бимаи пизишкӣ ва хадамоти тоза" ба таври қобили мулоҳизае боло рафтааст.
Ба гуфтаи Афшин Муқим, сухангӯйи Кумитеи умури дини Тоҷикистон, имсол ҳар хоҳишманде, ки қасди сафар ба амокини муқаддаси исломиро дорад, бояд 18165 сомонӣ ё беш аз се ҳазору понсад дулор пардохт кунад.
Ин маблағ дар муқоиса бо соли гузашта ҳудуди яксад дулор бештар аст. Оқои Муқим мегӯяд, ки далели чунин тафовут боло рафтани арзиши дулор ва пешниҳоди сервисҳои ҷадид аст.
Вай гуфт: "Ба ин маблағ ҳамлу нақли зойирон, таъмини либос ва ҳаққи роҳбаладон, таъмини бимаи пизишкӣ шомил шудаанд. Бимаи пизишкӣ барои бори нахуст ба маблағи сафари ҳаҷ изофа шуда ва ба ин далел низ арзиши он боло рафтааст."
Интизор меравад маросими сафари ҳаҷҷи имсол дар моҳи сентябр баргузор шавад ва қарор аст ҳудуди шаш ҳазору дувист нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати амокини муқаддаси исломӣ раванд.
Қаблан эълом шуда буд, ки Тоҷикистон аз Арабистони Саъудӣ хостааст миқдори саҳмияҳо барои сафари ҳаҷ барои атбоъи тоҷикро афзоиш бидиҳад. Вале мақомоти ин кишвар ба далели анҷоми умури бозсозӣ дар Макка ва Мадина ин пешниҳодро напазируфтаанд.
Аз сӯйи дигар, дар чанд соли ахир алоқамандони сафари ҳаҷ дар Тоҷикистон аз гаронии арзиши он изҳори нигаронӣ мекунанд. Афшин Муқим мегӯяд, ки бахши аслии махориҷи сафарро қимати билети парвоз аз Душанбе то ба Ҷидда ва баръакс ташкил медиҳад.
Тибқи қавонини Тоҷикистон, танҳо ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз ҳаққи интиқоли зойирин бархурдоранд. Аз ҷумла, ҳамасола барои иҷрои ин амр ҳавопаймоҳои ширкатҳои “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” ҷалб карда мешаванд.
Манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ин ширкатҳо барои интиқоли ҳар зойире ҳудуди ду ҳазор дулор мегиранд. Аммо гуфта мешавад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоии Русия, барои интиқоли ҳар зойири тоҷик омодаанд танҳо ҳудуди як ҳазор дулор бигиранд.
Аммо Кумитеи умури дини Тоҷикистон ҳақ надорад барои сафари ҳаҷ ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои хориҷиро ҷалб созад.
Дар солҳои нахусти истиқлоли Тоҷикистон дар даҳаи 1990 зойирон ба сафари ҳаҷ умдатан тавассути утубусҳо мерафтанд. Вале ба далели мушкилоти фаровон дар масири сафар ва ноамнӣ дар бархе аз манотиқ ин таҷруба батадриҷ аз байн рафт.
Бо ин вуҷуд, ҳамасола теъдоди зиёде аз атбоъи тоҷик талош мекунанд сафари ҳаҷро анҷом бидиҳанд. Тибқи гузоришҳои расида, дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон мардум барои даҳсолаҳо пеш худро барои сафари ҳаҷ сабти ном кардаанд ва солҳо навбат мепоянд.
Аз сӯйи дигар, мақомоти бархе аз шаҳрҳову навоҳии Тоҷикистон барои фаъъолони иҷтимоъии ин маҳаллот имкони сафари ҳаҷро бидуни навбат “ҳадя” мекунанд. Аз ҷумла, дар соли ҷорӣ шаҳрдории Душанбе дар садад аст барои фаъъолони иҷтимоъии ин шаҳр саҳмияҳоеро барои анҷоми сафари ҳаҷ тақдим кунад.
