Даргузашти ду зойири тоҷик дар Макка

  • 9 Октябр, 2013
Ҳаҷҷ
Image caption Дар соли ҷорӣ 6 ҳазору сесад нафар шаҳрванди Тоҷикистон озими зиёрати муқаддасоти ислом шудаанд

Ду тан аз зойирини тоҷик дар шаҳри Маккаи Арабистони Саъудӣ вафот кардаанд.

Тибқи иттилоъи як манбаъи Кумитаи умури дини давлати Тоҷикистон ин ду нафар ахиран дар қабристони Шароеъ дафн шуданд.

Гуфта мешавад, ки Талбак Одинаеви 73-сола, сокини шаҳри Душанбе рӯзи 6-уми октябр ва Абдувалӣ Қулматови 71-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 7-уми октябр фавтидаанд. Ин манбаъ афзуд, ки оқои Одинаев дар пайи як тасодум ҷони худро аз даст додааст.

Зимнан, дар соли ҷорӣ 6 ҳазору 300 шаҳрванди Тоҷикистон ба манзури зиёрати муқаддасоти ислом ба Арабистони Саъудӣ сафар кардаанд. Иттилоъ шуда буд, ки дар соли ҷорӣ ҳазинаи сафари ҳаҷ 17 ҳазору 625 сомонӣ ё ҳудуди 3,6 ҳазор дуллор муқаррар шудааст.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон хабар дода, ки то ҳол куллияи зойирини тоҷик тавассути ҳавопаймоҳои ширкати ҳавоии “ТоҷикЭйр” ва “СомонЭйр” ба Арабистони Саъудӣ мунтақил шудаанд.

Дар соли ҷорӣ зойирони тоҷик бо либоси вижаи дорои нишонҳои миллӣ таъмин шуда ва дар ҳуталҳои хубе ба сар мебаранд.

Ҳамасола теъдоде аз зойирони тоҷик ба ҳангоми зиёрати Маккаву Мадина ҷони худро аз даст медиҳанд. Умдатан ин афрод дар Арабистони Саъудӣ дафн шуда ва маросими сӯгвории онҳо дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки бархе аз зойирон, аз ҷумлаи афроди солманд, фавтидан дар ҷараёни зиёрати муқаддасоти исломро орзу мекунанд, вале масъулини Кумитаи умури дини Тоҷикистон мегӯянд, ки фавтидан ба ҳангоми зиёрати Маккаву Мадина “ҳеҷ хубие надорад, зеро шароити дафни чунин афрод чандон қобили қабул набудааст”.

Шояд ба ин далел давлати Тоҷикистон чанд сол қабл муқарраротеро роиҷ кард, ки танҳо афроди болиғ бар 18 сол ва то зери 80 сол метавонанд, озими Маккаву Мадина шаванд.

Вале бо вуҷуди ин ҳамасола теъдоди зиёде аз афроди солманд талош мекунанд, дубора озими зиёрати муқаддасоти ислом бишаванд. Дар соли ҷорӣ Арабистони Саъудӣ барои зойирони тоҷик 7,8 ҳазор саҳмия муқаррар кард.

Вале сипас ин рақам 20 дарсад коҳиш дода шуд ва то 6 ҳазору сесад нафар расид. Муроҷиъаи Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Арабистони Саъудӣ барои коҳиш надодани миқдори саҳмияҳо барои Тоҷикистон бепосух монд.

Масъулони умури Ҳаҷҷи Арабистони Саъудӣ мегӯянд, ки чунин коҳиш барои куллия кишварҳо ба манзури анҷоми умури бозсозии манотиқи атрофи муқаддасоти ислом ва ҷодаҳои дохили ин шаҳрҳо иттихоз шудааст. Таъмини амнияти зойирон низ яке аз омили чунин тасмим арзёбӣ мешавад.

Матолиби муртабит