Ифтитоҳи маркази 'Васатия' ба суди Тоҷикистон аст ё хайр?
Image copyrightnoneБархе аз чеҳраҳои мазҳабии Тоҷикистон аз тасмими давлати ин кишвар барои додани иҷоза ба фаъъолияти маркази “Васатият” дар ин кишвар истиқбол кардаанд.
Тибқи иттилоъи сойтҳои интернетӣ “Васатияи” мазҳаб ё фиқҳ дар Ислом набуда, балки ҷунбишест, ки омӯзиши таҳаммулпазирӣ ва роҳи мутавассит дар Исломро ҳадафи худ қарор додааст.
Бархе аз кишварҳои мусалмонӣ, тайи як даҳаи ахир ончи "Васатия" номида мешавад, идеулужии худ қарор дода ва сандқуҳои хайрия ва муассисоти омӯзишу парварише барои таблиғи он таъсис додаанд.
Аз ҷумла дар Молезӣ як муассисаи омӯзишию пажӯҳишӣ ба номи Васатия соли 2012 таъсис шудааст, интишори сулҳ ва миёнаравиро ба унвони яке аз усули исломӣ дар баробари тундравию ифротгароӣ ҳадафи худ қарор додааст.
Дар Кувайт низ Сандуқи байналмиллалии “Васатия” соли 2006 таъсис шуда ва намояндагиҳои худро дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон таъсис додааст. Ин сандуқ ба таблиғи қавоиди аслии ислом машғул буда ва ба тафоҳум ва муколамаи миёни мусалмонон ва адёни мухталиф даъват мекунад.
Дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як торнамои мавсум ба Васатият дар интернет фаъъол аст, аммо дар авоили моҳи май раиси Сандуқи Васатияи Кувайт аз Тоҷикистон боздид карда ва хостори ифтитоҳи намояндагияш дар Душанбе шудааст. Мақомоти тоҷик ин пешниҳодро пазируфтаанд.
Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки “Васатия” навъе аз исломи мутавассит ё миёнараву муътадил ва таҳаммулпазир дониста мешавад.
Вай афзуд: "Замоне ки миёни кишварҳои исломӣ даргириҳо сурат мегирифтанд, раҳбарони бархе аз кишварҳои арабӣ ба ин натиҷа расиданд, ки Сандуқи “Васатия” таъсис бидиҳанд. Онҳо муътақид буданд, ки ин марказ метавонад исломи воқеъиро таблиғ кунад”.
Солеҳҷон Завқиев, як масъули бахши созмонҳои мазҳабии Кумитеи умури адёни Тоҷикистон, таъкид мекунад, ки дар таҷрубаи фаъъолияти Сандуқи “Васатия” мавориде низ буда, ки онҳо тавонистаанд раҳбарони бархе аз гурӯҳҳои тундрави мазҳабиро ба “ҳаёти осоишта” баргардонанд.
Саидаҳмад Қаландаров, коршиноси масоили адён дар Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки Васатия мактаби хоссе дар ислом нест: "Васатия танҳо ба омӯзиши равияи муътадил дар ислом машғул аст. Барои мо фаъъол шудани ин марказ хеле аҳаммият дорад."
"Тоҷикистон ҳоло бо хатарҳое, назири пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои мамнӯъи “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, “Ансоруллоҳ” ва ғайра рӯбарӯ ҳастанд. Ин як садде дар роҳи тундравӣ хоҳад буд”.
Зубайдуллоҳи Розиқ, масъули бахши илм ва иртибот бо уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбият шаванд.
Вай гуфт: "Мо бояд ба мардум демукросиро на аз роҳи тундравӣ, балки аз роҳи таҳаммулпазирӣ омӯзиш бидиҳем. Дар ин амр хидмати “Васатия” бузург хоҳад буд."
Вале на ҳама аз соҳибназарон нисбат ба фаъъол шудани намояндагии Сандуқи Васатия дар Тоҷикистон назари яксон доранд. Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили дин, аз тасмими ахири давлат ба додани иҷоза ба Кувайт барои сохтмони маркази “Васатия” дар ин кишвар интиқод кард.
Вай мегӯяд: "Васатия ҳарчанд дар бархе аз кишварҳои Халиҷи Форс равияе муътадил дониста мешавад, вале ман мутмаиннам, ки дар баробари мазҳаби фиқҳи ҳанафӣ ин равия бозгӯйи исломи тундрав аст."
Вай ин суолро матраҳ кард, ки чӣ теъдоде аз занон дар Кувайт узви порлумон ё узви кобинеи давлат ҳастанд? “Ман чунин оморе дар ихтиёр надорам. Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва давлат ба нақши зан дар ҷомеъа арҷ мегузорад.”
Оқои Ҳодизода афзуд: "Ман дар бораи Васатия адабиёти зиёде мутолиъа кардам. Ва ба чунин натиҷа расидам, ки Васатия дар муқоиса бо мазҳаби Ҳанафия тундрав аст. Мардуми тоҷик, ки дар зиндагӣ аз рӯи қавоъиди ҳанафӣ одат кардаанд, маҳдудиятҳои Васатияро қабул нахоҳанд дошт."
Вай афзуд: "Тарафдорони Васатия бар ин назаранд, ки зан бояд кадбонуи хонадон бошад ва дар ҷое шуғл надошта бошад. Дар Тоҷикистон ин муқаррарот қобили қабул нест."
