ҲНИТ иддиъои узвияти "ҷодугари панҷакентӣ" дар ин ҳизбро рад кард

  • 4 Июн, 2014
Асадуллоҳ КаримовImage copyrightBBC World Service
Image caption Асадуллоҳ Каримов узви ҲНИТ муъаррифӣ шуда, вале масъулони ҳизб ин иддаъоро рад мекунанд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) иддиъои узвияти як рӯҳонии мутаҳам ба таҷовузи ҷинсӣ дар ин ҳизбро, ки дар ноҳияи Панҷакент боздошт шуда, рад кардааст.

Рӯзи сешанбеи 3-юми июн дар шабакаҳои иҷтимоъӣ, аз ҷумла Ютюб ва Фейсбук, видеуе зери унвони "Ҷодугари панҷкентӣ" пахш шуд, ки аз боздошти Асадуллоҳ Каримов, имом-хатиби деҳаи Майкадаи деҳистони Амондараи ноҳияи Панҷакент, ба занни таҷовузи ҷинсии як зан ҳикоят мекард.

Ин видеуро гурӯҳе пахш карда, ки худро "истудиюи “Нури наҳзат”" муъаррифӣ мекунад. Дар он иддиъо шуда, ки оқои Каримов, ки ҳудуди ду моҳ қабл боздошт шуда, узви ҲНИТ аст. Дар видеу тасовире аз Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, рӯҳонии саршинос, ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, низ нишон дода мешавад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, рӯзи 4-уми июн дар суҳбат бо Би-би-сӣ ин иддиъоро бепоя хонд ва гуфт, ки дар феҳристи аъзои ҳизб шахсе бо ин ном вуҷуд надорад.

Вай гуфт, ки пахши ин видеу дар шабакаҳои иҷтимоъӣ идомаи талоши мақомот барои бадномсозии ҲНИТ, бонуфузтарин ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон, ва раҳбарони он аст.

Зимнан, дар соли гузашта чунин видеуе бо номи “Муллои ҷодугар” дар шабакаҳои иҷтимоъӣ пахш шуда буд, ки телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон низ онро ба намоиш гузоштанд.

Сипас, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ “қаҳрамони” ин видею узвияти худ дар ҲНИТ-ро рад кард. Вале дар тӯли ним соли ахир боз чанд видеуи дигар низ пахш шуд, ки дар онҳо аз ончи "бадрафтории" раҳбарони ҲНИТ хонда шуда, ба намоиш гузошта шудаанд.

Оқои Файзраҳмонов мегӯяд, ки тибқи қавонини Тоҷикистон имомхатибони масоҷид наметавонанд аъзои ҳизбҳои сиёсӣ бошанд ва ба ин далел иддаъои узвияти оқои Каримов дар ҲНИТ хилофи воқеъ аст.

Вай гуфт: "Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба номи "Ҷодугари панҷакентӣ" нашр шуд ва Асадуллоҳ Каримов, зодаи деҳаи Майкадаи ҷамоъати Амондараи ноҳияи Панҷакент, ки дар он навор ба корҳои бадахлоқӣ муттаҳам шудааст, узви изби наҳзати исломӣ нест ва инро идомаи корзори бадномкунии ҲНИТ ва қишри рӯҳоният аз тарафи гурӯҳи вижа медонем. Ҳар инсони бовиҷдон ин наворро тамошо кунад, хоҳад фаҳмид, ки он ҷуз туҳмату буҳтон ва он ҳам аз роҳи ғайриахлоқиву дурӯғ, беш нест."

Дар ин видеу Асадуллоҳ Каримов муттаҳам ба баргузории ҷаласоти дармонӣ бо шеваҳои суннатӣ ва бо истифода аз дуъову тумор ва ғайра шудааст. Дар зимн иддиъо мешавад, ки ӯ ба як зан, ки барои "дилгарм кардани марде" нисбат ба худаш ба назди ӯ омада буд, таҷовуз кардааст.

Тайи ду соли ахир таблиғоти густардае алайҳи ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, дар расонаҳо ва нашриёти давлатӣ ва ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ба роҳ андохта шудааст. Мубаллиғон бештар аз номҳои мустаъор истифода мекунанд, ки бисёре онҳоро маъмурони "фобрики ҷавоб" меноманд.

Бархе аз чеҳраҳои саршиноси мазҳабӣ, назири бародарон Тӯраҷонзода, низ ҳадафи ҳамалоти лафзии гурӯҳи маъруф ба "фобрики ҷавоб" қарор гирифтаанд. Онҳо ҳамвора ба фаъъолиятҳои ғайриқонунӣ, тавтеаву дасисабозӣ, назири таълими ҷавонон барои ширкат дар ҷиҳод дар Сурия, муттаҳам шудаанд.

Ин гуна талошҳо гоҳо бо вокунишҳои тунди чеҳраҳои мазҳабӣ ва фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ рӯбарӯ шуда ва онҳо ҳар гуна иртибот бо афродеро, ки давлат ба фасоду тахаллуф муттаҳам сохта, рад кардаанд.

Ахиран гузориш шуд, ки як рӯҳонии боздоштшуда ба иттиҳоми таҷовуз ба духтарандаронаш дар ноҳияи Исфара, ки дар видеуе мушобеҳ дар телевизиюнҳои давлатӣ узви ҲНИТ эълом шуда буд, дар боздоштгоҳ ҷон додааст. Бисёре қазияи боздошт ва пахши видеуи "эътирофоти" ӯро саропо машкук хондаанд.

Матолиби муртабит