ҲНИТ гаравгонгирии духтарон дар Ниҷерияро шадидан маҳкум кард

  • 14 Май, 2014
Гаравгонгири дар Ниҷерия Image copyrightBoko Haram
Image caption Масъулони ҲНИТ амали гаравгонгирии ахири гурӯҳи Буку Ҳаромро ҷиноят номиданд

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби мазҳабӣ дар минтақаи Осиёи Миёна, амалиёти гаравгонгирии духтарон тавассути гурӯҳи Буку Ҳаром дар Ниҷерияро шадидан маҳкум кард.

Масъулони ин ҳизб бо интишори баёнияе гуфтанд, ки ҳарчанд ин гурӯҳ аз худ ба унвони гурӯҳи “исломӣ” ном мебарад, вале ин амалиёт "ғайриахлоқӣ ва дур аз меъёрҳои исломӣ ва инсонӣ" аст.

Дар ин баёния, ки баъд аз зуҳри рӯзи сешанбеи 13 май пахш шуд, ҳамчунин омада, ки аъмоли ингуна гурӯҳҳои ба ном исломӣ "на танҳо ба дини поки ислом робита ва созгорӣ надорад, балки василае барои бадном кардани чеҳраи ислом" аст.

Масъулони ҲНИТ ин амали ахири гурӯҳи Буку Ҳаромро ҷиноят номида ва мегӯянд, ки он гуфтугӯи миёни адён ва сулҳу сабот дар ҷаҳонро бо мушкилот рӯбарӯ кардааст.

Дар баёния омадааст: "Агарчӣ гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро дар ҳар дину мазҳаб ва миллат дар ақаллият вуҷуд доранд, вале бо иртикоби ҷиноятҳои сангин ва пурсарусадо тасаввуроти ғалатро дар бораи ин дину мазҳаб ва миллатҳо ба вуҷуд меоранд. Мутаассифона, фаъъолияти як идда аз гурӯҳҳо ва шахсиятҳои ифротгаро ва ҷиноятпеша аз номи дини мубини ислом заҳмату фаъъолияти созандаву башардӯстонаи беш аз як милёрд мусалмонро дар ҷаҳон хадшадор месозад."

Масъулони ҲНИТ аз кишварҳо ва созмонҳои исломӣ даъват кардаанд, ки ба талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои озод кардани духтарони ниҷериёӣ мусоъидат кунанд.

Гурӯҳи Буку Ҳаром ҳудуди як моҳ пеш беш аз 300 духтари донишомӯз аз як мадрасаи шабонарӯзӣ дар шимоли шарқии Ниҷерияро рабуда буд.

Абӯбакр Шиков, раҳбари ин гурӯҳ, гуфтааст, ин духтарон ба ислом гаравидаанд. Ӯ гуфт, ки духтарони рабудашуда то озодии зиндониёни ин гурӯҳ дар асорат нигаҳ дошта хоҳанд шуд.

Гурӯҳи ифротии Буку Ҳаром пеш аз ин таҳдид карда буд, ки ин духтаронро хоҳад фурӯхт.

Гуфта мешавад агарчи шуморе аз духтарони рабудашуда мусалмон буданд, аксарияти ононро донишомӯзони масеҳӣ ташкил медоданд. Ахиран ин гурӯҳ видеуеро интишор додааст, ки дар он духтарони рабудашуда чодар ба сар доранд ва машғули қироати Қурон ҳастанд.

Гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром, ки номи расмии он ба арабӣ "Ҷамоъату аҳлисунната аддаъво ва алҷиҳод" аст, беш аз як даҳа аст, ки дар шимоли шарқии Ниҷерия ва шимоли Комерун фаъъолият мекунад. Доманаи иқдомоти Буку Ҳаром ба Абуҷо, пойтахти Ниҷерия, низ кашида шудааст.

Матолиби муртабит