Буку Ҳаром масъулияти рабудани духтарони донишомӯзи ниҷериёиро ба уҳда гирифт

  • 5 Май, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Мардуми Ниҷерия бо баргузории таҷаммуъҳое дар шаҳрҳои мухталиф хоҳони озодии духтарони рабудашуда шудаанд

Гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром масъулияти рабудани духтарони донишомӯз дар Ниҷерияро ба уҳда гирифт.

Абӯбакр Шиков, раҳбари Буку Ҳаром дар видиюе, ки ба хабаргузории Фаронса расид, гуфтааст: "Ман духтаронро рабудам."

Наздики се ҳафта пеш беш аз 300 духтари донишомӯз аз як мадрасаи шабонарӯзӣ дар шимоли шарқии Ниҷерия рабуда шуданд.

Ин иттифоқ интиқодотеро мутаваҷҷеҳи давлати Ниҷерия кард.

Image copyrightnon
Image caption Раҳбари Буку Ҳаром дар паёме видиюӣ масъулияти одамрабоии бузурги ахирро ба уҳда гирифт

Гудлок Ҷонотон, раиси ҷумҳурии Ниҷерия дирӯз барои аввалин бор дар мавриди ин воқеъа изҳори назар кард.

Ӯ дар як суханронии зиндаи родиютелевизиюнӣ изъон кард, ки нерӯҳои амниятӣ ва артиш ҳанӯз натавонистаанд асаре аз гаравгонҳо пайдо кунанд. Оқои Ҷонотон гуфт Ниҷерия дар рӯзҳои "дарднок" ба сар мебарад ва ваъда дод, ки давлат духтарони рабудашударо наҷот диҳад.

Раиси ҷумҳурии Ниҷерия ба хотири таъхир дар вокуниш ба ин воқеъа дар ҳафтаҳои ахир таҳти интиқодҳои зиёде қарор дошт.

Пас аз ҳамлаи ахир ба таври густарда тасаввур мешуд, ки гурӯҳи Буку Ҳаром масъули он будааст.

Гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром, ки номи расмии он ба арабӣ "Ҷамоъату аҳлисунната аддаъво ва алҷиҳод" аст, беш аз як даҳа аст, ки дар шимоли шарқии Ниҷерия ва шимоли Комерун ва Ниҷер фаъъолият мекунад.

Доманаи иқдомоти Буку Ҳаром ба Абуҷо, пойтахти Ниҷерия низ кашида шудааст. Абуҷо дар ҳафтаҳои ахир саҳнаи чандин бумбгузорӣ буда, ки дар он даҳҳо нафар кушта шудаанд.

Матолиби муртабит