Ҳамалоти интиҳорӣ дар Ниҷер алайҳи як сарбозхона ва маъдани урониюм
Бумбгузорони интиҳорӣ дар шимоли ғарбии Ниҷер ба як маъдани урониюм, ки дар ихтиёри як ширкати фаронсавӣ аст ва як урдугоҳи низомӣ ҳамла кардаанд. Ин ҳамалот дастикам 20 кушта барҷо гузоштааст.
Бумби аввал дар сарбозхонае дар Огодез, бузургтарин шаҳри шимоли Ниҷер, 19 нафарро кушт, ки 18 тан аз онон сарбоз буданд. Чаҳор ҳамлакунандаи интиҳорӣ ҳам дар ин ҳамла кушта шуданд.
Нафари панҷум аз ин ҳамлакунандагон дастгир шуда, аммо мақомот мегӯянд ӯ ҳам ҷон додааст.
Ширкати фаронсавии Орево, ки маъдани Сумайр дар шаҳри Орлитро идора мекунад, гуфтааст дар ҳамла ба ин маъдан як нафар кушта ва 14 тан захмӣ шудаанд.
Гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки ин ҳамалот кори Мухтор Билмухтор, раҳбари як гурӯҳи шибҳинизомӣ будааст, вале ин гузоришҳо қобили таъйид нестанд.
Хабаргузории мавритониёии Алахбор аз сухангӯйи ин гурӯҳ нақл кард: "Худи Билмухтор бар ин амалиёти интиҳорӣ назорат доштааст."
Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ин иддаъо ҳамчунин дар як вебсойти мусулмонони ҷиҳодӣ низ дида шудааст.
Пештар гурӯҳи ҷиҳодии "Ҷунбиши Тавҳид ва Ҷиҳод дар ғарби Офриқо" эълом карда буд, ки ин ду ҳамларо тартиб додааст.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Абуваҳид Саҳровӣ, сухангӯйи ин гурӯҳ, гуфт, ки ин ду амалиёт "душманони ислом дар Ниҷер"-ро ҳадаф гирифтаанд
Ӯ гуфтааст: "Мо ба Фаронса ҳамла кардем ва ба Ниҷер ба хотири ҳамкорӣ бо Фаронса дар ҷанг бо шариъат".
