Даҳҳо нафар дар ҳамлаи исломгароёни Буку Ҳаром дар Ниҷерия кушта шуданд

Дастикам 55 нафар дар ҳамлаи шибҳнизомиёни гурӯҳи Буку Ҳаром ба сохтмонҳои давлатӣ дар шаҳре дар шимоли шарқии Ниҷерия ҷони худро аз дасти додаанд.
Артиши Ниҷерия эълом кард ҳудуди 200 нафар аз аъзои Буку Ҳаром дар саҳаргоҳи сешанбе ба шаҳри Бомо дар иёлати Бурну ҳамла карданд ва чандин сохтмони давлатӣ аз ҷумла як додгоҳ ва чанд посгоҳро ба оташ кашиданд.
Ҳудуди 105 зиндонӣ низ дар ин ҳамла муваффақ ба фирор шуданд.
Ба гуфтаи Мӯсо Сағир, сухангӯи артиш баъзе аз муҳоҷимон либоси низомиёнро ба тан доштанд.
Ба гуфтаи оқои Сағир дар ин ҳамла, ки 5 соъат тӯл кашид, афроди мусаллаҳ ба як подгон ҳамла карданд, ки ба иллати муқовимати низомиён ва кушта шудани даҳ нафар аз тундравон маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
Онҳо сипас як додгоҳ ва чанд сохтмони давлатиро ба оташ кашиданд.
Оқои Сағир гуфт: "Шибҳнизомиён тавонистанд бо ҳамла ба зиндон 105 зиндониро озод кунанд. Ҳамаи нигаҳбонони зиндон ба ғайри онҳое, ки дар анбори ошпазхонаи зиндон махфӣ шуда буданд, кушта шуданд."
Дар ин ҳамла 22 маъмури пулис, 14 нигаҳбони зиндон, ду сарбоз, чаҳор ғайринизомӣ ва 13 узви Буку Ҳаром кушта шуданд.
Ба гуфтаи Абӯбакр Сағир, раиси пулиси Бомо талафоти ғайринизомӣ шомили як зан ва се кӯдак будааст.
Вил Рос, хабарнигори Би-би-сӣ дар Ниҷерия мегӯяд ҳамалоти рӯзи сешанбе иддаъои давлат дар бораи аз байн рафтани таҳдиди шибҳнизомиён ба хотири амалиёти артишро ба зери савол мебарад.
Гудлок Ҷонотон, раиси ҷумҳурии Ниҷерия бо таъини як Кумитаи вижа дар талош аст ба аъзои Буку Ҳаром дар изои ба замин гузоштани силоҳ афв диҳад, вале Абӯбакр Шакурӣ, раҳбари ин гурӯҳ бо ин иқдом мухолифат кардааст.
Ҳамлаи моҳи гузаштаи артиши Ниҷерия ба мавозеъи Буку Ҳаром бо кушта шудани 200 нафар ва тахриби ҳазорон сохтмон ҳамроҳ буд.
Артиши Ниҷерия теъдоди талафоти ин амалиётро 37 нафар унвон кардааст.
Гурӯҳи Ҷамоъати аҳли суннат барои даъват ва ҷиҳод мавсум ба "Буку Ҳаром" як гурӯҳи исломгаро аст, ки бо осори тамаддуни ғарб аз ҷумла улуми ғарбӣ мухолиф аст ва онро муғойири таълимоти исломӣ ва ҳаром медонад.
Ин гурӯҳ дар соли 2001 таъсис шуд ва ҳадафи худро зудудани осори дониш ва тамаддуни ғарбӣ ва иҷрои қавонини шариъат дар Ниҷерия эълом кардааст.
Буку Ҳаром давлати Ниҷерияро муттаҳам кардааст, ки ба ҷойи пиёда кардани аҳкоми илоҳӣ ба тадвин ва иҷрои қавонини башарӣ мубодират варзидааст.
Ба гуфтаи манобеъи давлатии Ниҷерия тайи даҳ соли гузашта ҳудуди даҳ ҳазор нафар дар натиҷаи амалиёти мусаллаҳонаи ин гурӯҳ ҷони худро аз даст додаанд.
