Як навъаруси ноболиғи ниҷерияӣ шавҳарашро кушт
Image copyright.Як навъаруси ниҷерияӣ ба қатли шавҳараш, ки маҷбур ба издивоҷ бо ӯ шуда буд, эътироф кардааст.
Восилу Умар, ки дар Кону, устони шимолии Ниҷерия, зиндагӣ мекунад, эътироф кардааст, ки замсари 35-солаашро бо рехтани самми (заҳри) марги муш масмум карда ва куштааст.
Се нафари дигар ҳам, ки ғизои саммиро хӯрда буданд, кушта шуда ва даҳ нафари дигар дар асари масмумият дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Издивоҷи духтарони хурдсол бахусус дар байни мусалмонони шимоли Ниҷерия роиҷ аст.
Падари ин духтари 14-сола ӯро маҷбур ба издивоҷ бо марде кард, ки 21 сол аз ӯ бузургтар буд.
Ба гуфтаи пулис, ин издивоҷ ҳафтаи гузашта сурат гирифт.
Вил Рос, хабарнигори Би-би-сӣ, мегӯяд пулиси исломӣ дар Ниҷерия саъй дорад, ки аз издивоҷи нохостаи духтарони навҷавон ва кӯдак монеъ шавад.
Эҳтимолан падари ин духтар, ки ӯро водор ба издивоҷ карда буд, таҳти пайгарди қонунӣ қарор хоҳад гирифт.
Духтари 14-сола ҳам дар додгоҳи навҷавонон муҳокима хоҳад шуд.
