“Арӯси тоҷик” ба маблағи 13.9 милюн дуллор ба фурӯш рафт

Наққошии "Арӯси тоҷик"-и Тсзинь Шанъӣ, наққоши матраҳи чинӣ дар музоядае дар Чин ба маблағи ҳудуди 14 милюн дулор ба фурӯш рафтааст.
Тибқи иттилоъи хабаргузории чинии “Синхуа”, қиммати аввалияи “Арӯси тоҷик” дар ин музояда нӯҳ милюн юан, пули ҷинӣ эълом шуда буд. Вале дар ниҳоят ин наққошӣ ба 85,1 милюн юан, ё муъодили 13,9 милюн дуллор фурӯхта шудааст.
Тсзинь Шанъӣ аз наққошони саршиноси Чин маҳсуб мешавад. Наққошии “Арӯси тоҷик” бо рангҳои равғанӣ ба сабки ниуклосик ё эҳёи сабки қадимии ҳунари тасвирӣ дар Чин эҷод шудааст.
