Даҳҳо куштаи инфиҷори ду бумб дар истгоҳе шулӯғ дар пойтахти Ниҷерия
Даҳҳо нафар дар инфиҷори ду бумб дар истгоҳи шулӯғи утубус дар Абуҷо, пойтахти Ниҷерия, кушта шудаанд.
Ин истгоҳи утубус дар ҳангоми инфиҷор пур аз ҷамъият будааст.
Инфиҷорҳо қавӣ буда ва ба чандин мошин низ садама задаанд. Шиддати инфиҷор ба андозае буда, ки гӯдолие ба умқи беш аз як метр дар замин эҷод кардааст.
Як шоҳиди айнӣ гуфт, ки 20 ҷанозаро танҳо дар сардхонаи яке аз бемористонҳое, ки қурбониён ба он мунтақил шудаанд, шумурдааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд гурӯҳи Буку Ҳаром пеш аз ин ҳамалоти инчуниниро анҷом додааст.
Рӯзи шанбе гузориш шуд, ки Буку Ҳаром ҳамалоти мутаъаддидеро дар шимоли Ниҷерия анҷом дода ва 135 нафарро куштааст.
Баровурд мешавад, ки танҳо дар соли ҷории мелодӣ 1500 нафар дар ҳамалоти Буку Ҳаром кушта шуда бошанд.
Ин гурӯҳи исломгаро дар шимоли шарқии Ниҷерия ва шимоли Комерун ва Ниҷер фаъъолият мекунад ва умри он ба каме беш аз як даҳа мерасад.
