Интишори видиюе бо тасовири "духтарони рабудашуда" дар Ниҷерия
Image copyrightAFPГурӯҳи Буку Ҳаром, ки ҳудуди як моҳ пеш садҳо духтари донишомӯзро аз як мадрасаи шабонарӯзӣ дар Ниҷерия рабуд, видиюе аз даҳҳо духтар, ки чодар ба сар доранд ва Қуръон мехонанд, мунташир кардааст.
Абӯбакр Шиков, раҳбари Буку Ҳаром гуфтааст, ин духтарон ба ислом гаравидаанд.
Ӯ гуфт, ки духтарони рабудашуда то озодии зиндониёни ин гурӯҳ дар асорат нигаҳ дошта хоҳанд шуд.
Гурӯҳи ифротии Буку Ҳаром пеш аз ин таҳдид карда буд, ки ин духтаронро хоҳад фурӯхт.
Дар видиюе, ки имрӯз мунташр шудааст, даҳҳо духтар рӯйи замин нишастаанд. Парчами сиёҳе мушобеҳи парчами Давлати исломии Шом ва Ироқ болои сари онон гирифта шудааст. Се нафар аз онҳо дар видию суҳбат мекунанд, ду нафар аз онон мегӯянд, ки масеҳӣ будаанд, аммо ба ислом гаравидаанд.
Яке аз онон мегӯяд, ки озоре баҳашон нарасидааст.
Раҳбари Буку Ҳаром дар видию мегӯяд: "Ин духтарҳо, ин духтарҳое, ки шумо ба онҳо машғулед, мо дар воқеъ озодашон кардаем, ин духтарон мусалмон шудаанд."
Гуфта мешавад агарчи шуморе аз духтарони рабудашуда мусалмон буданд, аксарияти ононро донишомӯзони масеҳӣ ташкил медоданд.
Гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром, ки номи расмии он ба арабӣ "Ҷамоъатун аҳлиссунатиддаъвати валҷиҳод" аст, беш аз як даҳа аст, ки дар шимоли шарқии Ниҷерия ва шимоли Комерун ва Ниҷер фаъъолият мекунад.
Доманаи иқдомоти Буку Ҳаром ба Абуҷо, пойтахти Ниҷерия низ кашида шудааст.
Абуҷо дар ҳафтаҳои ахир саҳнаи чандин бумбгузорӣ буда, ки дар он даҳҳо нафар кушта шудаанд.
