Давлати Ниҷерия Буку Ҳаромро масъули куштори мардум дар бозор донист
Image copyrightsДавлати Ниҷерия таъйид кардааст, ки пайкорҷӯёни исломгаро омили ҳамлаи рӯзи душанбеи 6 май дар бозоре пуррафтуомад дар шаҳре дар шимоли шарқии кишвар будаанд, ки дар ҷараёни он дастикам яксад нафар ғайринизомӣ кушта шуданд.
Дуйин Окупе, сухангӯи раиси ҷумҳурии Ниҷерия теъдоди расмии талафоти ношӣ аз ин ҳамларо байни 100 то 150 нафар баровард кардааст.
Ин дар ҳоле аст ки сокинони шаҳри Гомбуру Нголо ва намояндаи ин минтақа дар порлумони Ниҷерия мегӯянд, ки дар тули ҳамлае, ки 5 соъат ба тул анҷомид беш аз сесад нафар ба қатл расиданд.
Гомбуру Нголо дар наздикии марз бо Комерун қарор дорад ва ҳангоми ҳамлаи рӯзи душанбе ҷамъияти анбуҳе дар бозор ҳузур дошт.
Яке аз шоҳидони айнӣ гуфтааст, ки ҳангоми ҳамлаи муҳоҷимони мусаллаҳ бисёре аз фурӯшандагон худро аз тарс дар ҳуҷраҳо ҳабс карданд. Бо тирандозӣ ва оташ задани бозор онон дар дохили ҳуҷраҳои худ сӯхтанд.
Оқои Окупе зимни истиқбол аз кумаки ҷомеъаи байналмилалӣ барои муқобала бо исломгароёни тундрав аз амалкарди давлати Ниҷерия дар мубориза бо ин гурӯҳ дифоъ кардааст.
Ӯ дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфт: "Мо муваззаф ҳастем аз талафоти ғайринизомиён ҷилавгирӣ кунем, аммо пайкорҷӯён чунин мулоҳизоте надоранд ва ба ин масъала аҳамияте намедиҳанд."
Ӯ дар ин бора тавзеҳ дод: "Онҳо метавонанд сарбозонро бикушанд, онҳо метавонанд рустоиёнро бикушанд, аммо мо наметавонем чунин кореро бикунем. Мардум бояд дарк кунанд, ки мо дар ҳоли ҷанг ҳастем ва бояд амалиёти низомии худро тибқи мавозини байналмилалӣ созмон диҳем."
Дуйин Окупе ин мавзуъро инкор кард, ки артиш ба андозаи кофӣ силоҳ дар ихтиёр надорад, ё ин ки мақомот дар мубориза алайҳи ифротиюн шикаст хурдаанд.
Дар тули се ҳафтаи ахир ва баъди рабуда шудани ҳудуди 230 духтари донишомӯз аз мадрасае дар шимоли шарқи Ниҷерия ин кишвар шоҳиди тазоҳуроти эътирозӣ ва ташдиди интиқод аз давлат будааст.
Гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром бо интишори як видию масъулияти рабудани ин духтаронро аз як мадрасаи шабонарӯзӣ дар устони Бурну пазируфтааст.
Абӯбакр Шиков, раҳбари Буку Ҳаром дар бахше аз ин видию таҳдид кардааст, ки ин духтаронро "хоҳад фурӯхт" ва гуфтааст, ки онон ба ҷои ин ки ба мадраса бираванд, бояд ба хонаи шавҳар фиристода мешуданд.
Якшанбешаби 4 май низ ёздаҳ духтар дар ҳамла ба ду русто дар наздикии ҷангали маҳалли ихтифои пайкорҷӯён рабуда шуданд.
Шӯриши гурӯҳи "Ҷамоъати аҳли суннат барои таблиғи ҷиҳод" ё Буку Ҳаром дар соли 2009 шуруъ шуд. Ин гурӯҳи исломгаро башиддат бо таҳсил ё мутолиъаи китобҳои ғарбӣ мухолиф аст ва номи Буку Ҳаром, ба маънии ҳаром донистани китобҳои ғарбӣ ва таҳсилотро ба ҳамин далел барои худ интихоб кардааст.
Ин гурӯҳ ҳадафи худро эҷоди ҳукумати мубтанӣ бар "исломи ноб" ва иҷрои қавонин ва ҷорӣ кардани ҳудуди шаръӣ тавсиф карда ва муборизаи мусаллаҳона ва иқдомоти харобкоронаро дар роҳи таҳқиқи ин ҳадаф муҷоз медонад.
