Ҳашт духтари дигар дар Ниҷерия рабуда шуданд

  • 6 Май, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Раҳбари Буку Ҳаром

Ҳашт духтари дигар дар шимоли Ниҷерия рабуда шуданд. Эҳтимол меравад ин одамрабоиро аъзои гурӯҳи тундрави Буку Ҳаром анҷом дода бошанд.

Ин одамрабоӣ якшанбешаб дар рустои Вороба дар иёлати Бурну сурат гирифт ва духтарони рабудашуда байни 12 то 15 сол доштанд.

Тақрибан се ҳафта пеш ҳудуди 230 духтари донишомӯзи 16 то 18 сола аз як мадрасаи шабонарӯзӣ дар шимоли шарқии Ниҷерия рабуда шуданд.

Дирӯз гурӯҳи исломгарои Буку Ҳаром масъулияти рабудани духтарони донишомӯзро ба уҳда гирифт, раҳбари Буку Ҳаром дар паёме видиюӣ таҳдид кард ин духтаронро хоҳад фурӯхт.

Ӯ дар ин паёми видиюӣ гуфт ин духтарон ба ҷои мадраса рафтан бояд издивоҷ мекарданд: "Худо ба ман дустур дод онҳоро бифурӯшам, онҳо амволи худо ҳастанд ва ман дастуроти ӯро иҷро мекунам."

Гудлок Ҷонотон, раиси ҷумҳурии Ниҷерия ба далели нотавонӣ дар барқарории амният дар шимоли кишвар ва пайдо накардани духтарони рабудашуда зери фишори интиқодҳо будааст.

Ӯ дирӯз дар як суханронии зиндаи родиютелевизиюнӣ изъон кард, ки нерӯҳои амниятӣ ва артиш ҳанӯз натавонистаанд асаре аз гаравгонҳо пайдо кунанд.

Буку Ҳаром ба забони ҳусо, яъне омӯзиши ғарбӣ ҳаром аст, аммо номи расмии ин гурӯҳ ба арабӣ "Ҷамоъату аҳлисунната аддаъво ва алҷиҳод" аст.

Исломгароёни гурӯҳи Буку Ҳаром дар Ниҷерия, ки фаъъолиятҳои низомии худро дар соли 2009 оғоз кард, омӯзиши ғарбиро ҳаром медонанд ва мукараран ба мадорис ва марокизи омӯзишӣ ҳамла мекунанд. Ин гурӯҳ саъй дар барқарории ҳукумати исломӣ дар шимоли Ниҷерия дорад.

Дар як соли гузашта Буку Ҳаром беш аз 1500 шаҳрвандро дар се иёлати шимолии Ниҷерия куштааст.

Давлат ахиран дар ин минтақаи Ниҷерия вазъияти изтирорӣ эълом кардааст.

Матолиби муртабит