Ҳуқуқдонҳо: Пахши филмҳои 'муллои ҷодугар' ноқизи ҳуқуқи башар аст
Image copyrightReutersТелевизиюни давлатии Тоҷикистон аз боздошти як пирамарди 86-сола дар ноҳияи Ашт, дар шимоли ин кишвар, ба иттиҳоми суиистифодаи ҷинсӣ аз занон хабар дод.
Аммо мудофеъони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки пахши "эътирофоти телевизиюнии" афроди рӯҳонии боздоштшуда ба иттиҳоми суиистифодаи ҷинсӣ қабл аз муҳокимаи додгоҳии онон, ки тайи моҳҳои ахир дар Тоҷикистон ба амре маъмулӣ табдил шудааст, нақзи ҳуқуқи башар маҳсуб мешавад.
Шаби 3 ба 4 июл шабакаҳои телевизиюни давлатӣ дар бораи боздошти як “мулло” гузоришеро пахш карданд, ки аз ӯ Бурҳониддин Асомуддинов ном бурда ва сокини шаҳраки Гулшани ноҳияи Ашт муъаррифӣ шуд.
Тибқи ин гузориш, ин мард муттаҳам шуда, ки занон ва духтаронро барои бемориҳои мухталиф мудово мекарда, ҳарчанд хатти арабиро балад набудааст. Бо ин вуҷуд, оқои Асомуддинов назди муштариён кутуби зиёдеро бо ҳуруфи арабӣ ба намоиш гузошта ва гӯё аз онҳо оёотеро қироат мекард.
Манобеъи дафтари матбӯъотии Вазорати кишвари Тоҷикистон аз ироаи ҷузъиёти ин мавзӯъ худдорӣ карда ва гуфтанд, ки тафсилоти бештаре фардо дар торнамо (сойт)-и расмии ин ниҳод мунташир хоҳад шуд.
Пулис оқои Асомуддиновро муттаҳам карда, ки солҳои тӯлонӣ худро “мулло Бурҳониддин” муъаррифӣ карда, ҳангоми мудовои духтарони зери синни қонунӣ ва занҳои безурёт гӯё ба номуси онҳо дастдарозӣ мекардааст. Эълом шуд, ки “мулло Бурҳониддин” соҳиби 6 фарзанду беш аз 40 набераву абера буда ва дар манзили зисти худ муштариёнро қабул ва дуъохониву табобат мекард.
Муҷрии барнома бо такя ба иттилоъи пулис эълом дошт, ки “дастгиршуда аз оҷизиву нодонӣ ва нотавонии мизоҷон истифода карда, духтарони ба балоғат нарасида ва занҳоеро, ки ҳомила намешудаанд, гӯё табобат, аммо дар асл бо онҳо муносибати шаҳвонӣ мекард."
Худи Бурҳониддин Асомуддинов дар ин гузориши телевизиюнӣ гуфт, ки аз аъмоли худ пушаймон аст ва чӣ кор карданашро худаш низ надонистааст. Пулис мегӯяд ҳангоми бозрасии манзили зисти Бурҳониддин Асомуддинов 130 акс аз афроде, ки наздаш мерафтанд, кашф шудааст.
Дар поёни ин гузориш муҷрии телевизиюн эълом кард, ки феълан оқои Асомуддинов боздошт шуда ва алайҳи вай парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамчунин, мурҷии телевизиюн аз афроде, ки эҳтимолан ҳадафи суиистифода аз сӯйи ин мард қарор гирифтаанд, даъват кард, ки ба пулис муроҷиъа кунанд.
Ин бори нахуст нест, ки маъмурони амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон афроди мухталиферо дар либоси рӯҳонӣ ё мулло боздошт мекунанд, ки ба суиистифодаи ҷинсӣ аз занону духтарон муттаҳам шудаанд.
Дар гузашта шабакаҳои телевизиюни давлатии Тоҷикистон гузоришҳое мушобеҳ таҳти унвони “муллои ҷодугар” пахш карда буданд, ки аз аъмоли ба гуфтаи онҳо ғайриахлоқии рӯҳониён дар навоҳии мухталифи ин кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Рӯдакӣ, Исфара ва Панҷакент, ҳикоят мекард.
Дар бархе аз ин гузоришҳо, афроди боздоштшуда ба доштани иртибот бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, умдатарин ҳизби мухолифи давлат, муттаҳам шуда буданд. Ин амр дар воқеъияти иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи афроди боздоштшуда тардидҳое ба вуҷуд овардааст.
Нақзи ҳуқуқи башар?
Ба гуфтаи мудофеъони ҳуқуқи башар, пахши "эътирофоти телевизиюнии" афроди боздоштшуда ба маънои зери по кардани асли бароат (презумпсия невиновности) нисбат ба онҳо аз сӯи мақомоти тоҷик аст.
Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқдони маъруф, мегӯяд, ки пахши ин гузоришҳо ҳам аз назари ахлоқӣ ва ҳам аз назари ҳуқуқӣ муғойир бо усули Қонуни асосӣ, мавозини байналмилалии ҳуқуқи башар ва Қонуни кайфарӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, афроди боздоштшуда ҳам аз ҳаққу ҳуқуқе бархурдоранд ва то замоне ки онҳо аз сӯйи як додгоҳ ба таври одилона муҳокима ва маҳкум нашаванд, касе ҳақ надорад онҳоро ҷинояткор номад.
Аммо дар телевизиюн нишон додану миёни мардум ангуштнамо кардани ин афрод ҳайсият ва шарафи инсонии онҳоро қабл аз қазовати додгоҳӣ зери по мекунад. Ӯ муътақид аст, ки пахши ин наворҳои ғайриахлоқӣ дар рӯҳияи кӯдаконе ҳам, ки телевизиюнро тамошо мекунанд, таъсири бад мегузорад.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони саршинос, мегӯяд, ки пахши гузоришҳои телевизиюнӣ дар бораи афроди мазҳабии боздоштшуда ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ мақомоти Тоҷикистон ғаразҳои сиёсиашонро бар қонун ва ҳуқуқ болотар мегузоранд.
Оқои Ҳакимов афзуд, ки ҳадафи маъмурони давлатӣ аз пахши ин гуна гузоришҳои телевизиюнӣ бадном сохтани ислому мазҳабиён дар ҷомеъа ва ҷилавгирӣ аз гароиши мардум ба ҳизбҳои дорои ҷанбаҳои мазҳабӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки ба унвони як ҳизби мухолиф фаъъолияти расмӣ дорад.
Вай гуфт: "Дар ҷомеъаи мо мардум огоҳияшон кам аст ва ислому ҳизби исломиро аз ҳам ташхис намедиҳанд. Зеро вақте ки як муллоро бадном кунед, зуд пеши назари мардум ҳизби исломӣ меояд ва ба ин тартиб нафраташон ба ҳизбу созмонҳои мазҳабӣ бедор мешавад. Ин дар ҳолест, ки худи мансабдорони давлатӣ ҳам ҳамин гуна ба бадахлоқиҳо даст мезананд, аммо кори худашонро пинҳон медоранд."
Ин дуктури илми ҳуқуқшиносӣ мегӯяд, ки дар қонуни кайфарии Тоҷикистон мафоҳими гумонбар, айбдоршаванда (муттаҳам), судшаванда (муҳокимашаванд), ва ҷинояткор мушаххасан пешбинӣ шудааст. Бино бар ин, мақомоти таҳқиқотӣ ва тафтишотӣ бояд тартиби муқарраркардаи қонунро риъоят карда, ҳолатҳои мушаххас ва вижагиҳои ҷомеъаи суннатии Тоҷикистонро низ ба назар бигиранд.
Оқои Ҳакимов гуфт: "Тавре ки аз навори телевизиюн бармеояд, дар манзили ин мулло занҳои бисёр буданд, ки аз ихлосашон ва бо хости худ омаданашон далолат мекунад. Ман гумон намекунам, ки нозири минтақаии пулис ва мақомоти дигар дар бораи фаъъолиятҳои ин мард ва тарзу усули табобаташ огоҳ набошанд."
Вай меафзояд, ки бидуни ҳукми додгоҳ ва ба таври бояду шояд баррасӣ нашудани моҳияти парванда нишон додани тасвири марди боздоштшуда ва занҳои бисёр бо ахлоқ ва ҳуқуқ созгор нест ва ба эҳтимоли вайроншавии чандин оила ва паст задани шаъну шарафи онҳо ҳам мунҷар мешавад.
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи соҳибназарон, пойин рафтани сатҳи омӯзишу парвариш дар ду даҳаи зимомдории Эмомалӣ Раҳмон, фақру фасоди густарда ва муҳоҷирати садҳо ҳазор нафар ба Русия мунҷар ба ин шудааст, ки бештари мардум, бавижа занони урстоӣ ва таҳсил накарда, ба хурофот бештар гароиш пайдо карда ва барои дармони дардҳои худ ба ҷойи пизшкон бештар ба рӯҳониён муроҷеъа кунанд.
Зимнан, масъулони Кумитеи умури занони Тоҷикистон ахиран дар бораи мушкили робитаи занҳо бо “муллоҳои ҷодугар” ибрози назар карда ва гуфтаанд, ки ин амр бештар “мушкили худи занҳо мебошад.”
