Оғози муҳокимаи додгоҳии муъовини раиси Фарҳангистони улум

  • 14 Июл, 2014
ДодгоҳImage copyrightBBC World Service
Image caption Муҳокимаи Музаффар Маҳмадназров дар додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз шудааст

Дар додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи Музаффар Маҳмадназаров, муъовини раиси Фаҳангистони улуми Тоҷикистон оғоз шудааст.

Дар ин бора ба Би-би-сӣ як манбаъи муътамад аз додгоҳи шаҳри Душанбе, ки нахост номаш ифшо шавад, хабар дод.

Вай афзуд, ки феълан ҷонибҳои додситонӣ ва дифоъ иттиҳомот ва далоили ҳифзи муваккили худро ироъа мекунанд.

Музаффар Маҳмадназаров то баҳори соли ҷорӣ дар Фарҳангистон ба унвони муъовини раис дар умури хоҷагӣ ифои вазифа мекард. Вай дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз сӯйи маъмурони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуда буд.

Ожонсӣ оқои Маҳамадназаровро дар тақаллуб ва сирқати маболиғи будҷа ба ҳангоми эҳдоси манозил барои уламои Фарҳангистон боздошт карда буд.

Манобеъи додгоҳ хабар дод, ки оқои Маҳмадназаров дар сирқати 3 милюн сомонии будҷети кишвар муттаҳам шудааст.

Вале ин барои бори нахуст аст, ки дар Тоҷикистон як мақоми баландпояи Фарҳангистони улум барои тақаллуб ва сирқат боздошт ва муҳокима мешавад.

Дар ҳамин ҳол манобеъи огоҳ иддаъо доранд, ки Музаффар Маҳмадназаров аз пайвандони Давлат Худойназаров, номзади собиқ ба симмати раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳаи 1990 мебошад.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки оқои Худойназаров ба Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик низ пайвандӣ доштааст.

Матолиби муртабит