Маҳкумияти ду тоҷик ба ҳабси тӯлонӣ дар Русия
Додгоҳе дар шаҳри Воронежи Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир ба муддати 8 ва 10 сол равонаи зиндон кардааст.
Дафтари матбуъоти додситонии шаҳри Воронеж ба хабаргузориҳои Русия гуфтааст, Ботиралӣ Рӯзиеви 32 сола ва Фарҳод Файзиеви 34-сола дар махфигоҳе дар шаҳри Воронеж ба миқдори зиёд ҳеруинро нигаҳдорӣ карда ва аз тариқи системи пардохти давлатӣ ҳеруинро ба “муштарӣ”-ҳо ба фурӯш мерасондаанд.
Ин манбаъ гуфтааст, дар моҳи августи соли гузашта кормандони Идораи назорат бар маводди мухаддири Русия ин ду нафарро дастгир ва аз маҳалли зисти онҳо ба миқдори 3 килугромм ҳеруинро мусодира кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Идораи бозрасии Русия дар шаҳри Тулаи Русия аз марги як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Бино ба иттилоъи ин ниҳод, шаҳрванди 33-солаи тоҷик бо хонумаш муноқиша карда ва тасодуфан дасташ ба шишаи тиреза бархӯрдааст. Дар натиҷаи бурида шудани раги даст ва талаф шудани хуни зиёд ин мард фавт кардааст.
Дар ҳафтаи гузашта як зан бо кӯдакаш худро аз ошёни 9-уми манзили бисёрошёна дар вилояти Маскав партофта, худ дар маҳалли ҳодиса ҷон бохта ва кӯдакаш бо ҷароҳати сангин дар бемористон бистарӣ шуда буд.
