'Амонатбонк' бо кумаки ниҳодҳои интизомӣ вомҳояшро пас мегирад
Image copyrightBBC World ServiceРаиси "Амонатбонк" мегӯяд, ки ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон барои бозгардондани вомҳои ин бонк аз афроди бидеҳкор тадобире анҷом медиҳанд.
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода мегӯяд, ки то имрӯз дар ин бонк беш аз 40 милюн сомонӣ аз вомҳо, ки афроди алоҳида ва ширкатҳои хусусӣ гирифта ва бозгарондани онҳо ба таъхир уфтодааст, вуҷуд дорад.
Оқои Нурмуҳаммадзода рӯзи сешанбеи 15 июл дар як нишасти матбӯъотӣ гуфт, ки ниҳодҳои интизомӣ машӯули расидагӣ ба қазияи бозпардохти беш 20 милюн сомонӣ ба ин бонк ҳастанд.
Ӯ мегӯяд: "Дирӯз дар бонки мо ҷаласа доир шуд ва мо нимсолаи ояндаро нимсолаи бзгардондани қарзҳо (вомҳо) эълом кардем. Ҳамчунин, 20 мавод барои баррасӣ дар дасти ниҳодҳои интизомӣ аст ва натиҷаҳои он низ ба даст меоянд."
Ба гуфтаи раиси бонк, кормандони ин ниҳод барои бозгардондани вомҳои ба таъхируфтода ба ниҳодҳои мухталиф, аз ҷумла Додситонии кул, Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон ва Додгоҳи иқтисодии ин кишвар муроҷеъа кардаанд.
Оқои Нурмуҳаммадзода дар бораи мушаххасоти ин вомҳо иттилоъ надод, вале гуфт, ки бонк барои мусоъидат ба тиҷорат ба 29 нафар аз тоҷирон маблағи 26,3 милюн сомонӣ қарз дода буд.
Ин дар ҳолест, ки масъулони Кумитеи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон камбуди сармоя ва боло будани баҳраи вомҳо дар бонкҳои ин кишварро аз мушкилоти умда дар заминаи рушди бахши хусусӣ ва тиҷорат дар Тоҷикистон хондаанд.
Аз сӯйи дигар, оқои Нурмуҳаммадзода мегӯяд, ки Толиббек Айёмбеков ва Ёдгор Маҳмадасламов ҳудуди 70 дар сади бидеҳиҳои худ ба ин бонкро пардохт кардаанд.
Вай мегӯяд, ки то имрӯз бидеҳиҳои онҳо, ки дар соли 2008 дарёфт карда буданд, ҳудуди 276 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва дар соли ҷорӣ онҳо 65 ҳазор сомонӣ қарзҳои худро ба бонк супурдаанд.
Оқои Нурмуҳаммадзода афзуд: "Кормандони бонки мо дар шаҳри Хоруғ низ барои бозгардондани қарзҳо кор мекунанд. Хатароти зиёде аз ин қарзҳо вуҷуд надоранд. Ман боварӣ дорам, ки дар нимсолаи оянда кормандони бонк фаъъолияти худро бештар мекунанд ва ба қадри имкон ин маблағҳо ба бонк бозмегарданд."
Раиси “Амонатбонк” мегӯяд, ки ин ду фард алоқаманди бозгардондани вомҳои худ ба бонк будаанд.
Дар солҳои 2008 ва 2010 ин ду фармондеҳи собиқи мухолифон аз ин бонк ба миқдори 805 ҳазор сомонӣ вом дарёфт карда, аммо дар муддати пешбинишуда ин бидеҳиҳоро бознагардондаанд.
Толиббек Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов аз фармондеҳи саршиноси мухолифони собиқи давлати Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон маҳсуб мешаванд.
Дар тобистони соли гузашта Додситони куллии Тоҷикистон ин ду нафарро дар канори Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров дар ҳодисаи қатли Абдулло Назаров, раиси бахши Кумитеи аманияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи Бадахшон мазнун хонда буд.
Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи 24 июли соли гузашта дар шаҳри Хоруғ нерӯҳои давлатии Тоҷикистон амалиёти вижае анҷом доданд, ки мунҷар ба кушта шудани иддае аз афроди ғайринизомӣ дар шаҳри Хоруғ шуд.
Баъд аз ин ҳодиса масъалаи бидеҳиҳои ин ду фаромндеҳ ба “Амонатбонк” дар расонаҳо матраҳ шуд.
