Бонки миллии Тоҷикистон: Бо "ЕВРОТРАСТ" пул нафиристед
Бонки миллии Тоҷикистон созмонҳои молии ин кишварро муваззаф кардааст, ки аз интиқоли пули муҳоҷирони кории тоҷик тавассути созмони “ЕВРОТРАСТ” дар Маскав худдорӣ кунанд.
Бонки миллӣ далели ин амрро ба бозхонди муҷаввизи фаъъолияти созмони “ЕВРОТРАСТ” (Бонки Урупоии Амонат)-и Маскав аз ҷониби Бонки миллии Русия марбут хондааст.
Ба ин тартиб, аз 11 феврали соли ҷорӣ ин созмони молӣ аз ҳаққи анҷоми муъомилоти бонкӣ ва интиқоли пул маҳрум шудааст.
Зимнан, пулҳои интиқолии муҳоҷирони кории тоҷик, ки дар шаҳрҳои Русия фаъъолият мекунанд, ҳамасола дар ҳоли афзоиш аст.
Бино ба иттилоъи Бонки миллии Русия, дар соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз тариқи бонкҳо ба Тоҷикистон ҳудуди 4 милёрд дулор пул интиқол додаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2012 (3 милёрду 595 милюн дулор) афзоиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад.
