'Амонатбонк': Афзоиши мизони вомҳо барои тавлидкунандагони дохилӣ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони "Амонатбонк"-и Тоҷикистон мегӯянд, ки ин бонк дар соли гузашта ба бахши хусусии ин кишвар маблағи 298 милюн сомонӣ воми ботахфиф ихтисос додааст.
Ба гуфтаи онҳо, ин рақам дар муқоиса бо натоиҷи соли 2012 беш аз 50 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Ҷамшед Норинов, раиси "Амонатбонк", рӯзи чаҳоршанбеи 22 январ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ин равандро "пуштибонӣ аз иқтисоди воқеъӣ ва мусоъидат ба рушди соҳибкории (тиҷорати) хурду миёна дар Тоҷикистон" унвон кард.
Оқои Норинов гуфт, ки ба манзури эҷоди машоғили тоза ва коҳиши мизони фақр ба ҳудуди 20 ҳазор нафар сокинони манотиқи дурафтодаи кӯҳистони Тоҷикистон маблағи 148 милюн сомонӣ вомҳои кӯчак аз ин бонк тавзеъ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба кишвари ғолибан кишоварзӣ будани Тоҷикистон ва сукунати бахши умдаи ҷамъияти ин кишвар дар рустоҳо бештари вомҳо ба бахши кишоварзӣ ва тиҷорат ихтисос ёфтааст.
Дар ин ҳамоиш таъкид шуд, ки дар чорчӯби истротежии рушди "Амонатбонк" дар назар аст дар соли ҷорӣ мизони тахсиси вомҳои кӯчак дар муқоиса бо соли милодии гузашта 10 милюн сомонӣ афзоиш ёбад.
Дар ҳамин ҳол, масъулони "Амонатбонк" аз вуҷуди мавориди сарпечии тоҷирон аз пардохти вомҳо хабар дода ва ба унвони мисол аз Толиб Айёмбеков, яке аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони давлат дар вилояти Бадахшон ном бурданд, ки муддатҳост ба ин бонк бидеҳкор аст.
Гуфта мешавад, дар соли 2008 аъзои хонаводаи оқои Айёмбеков аз "Амонатбонк" ҳудуди як милюн сомонӣ вом дарёфта карда ва то кунун танҳо беш аз 50 дарсади ин бидеҳиро пардохт кардаанд.
Ҷамшед Норинов, раиси “Амонатбонк”, гуфт, ки феълан ҳаҷми умумии бидеҳии Толиб Айёмбеков 450 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва қарор аст ба ҳисоби фурӯши амволи ӯ ин бидеҳӣ пардохт шавад.
Оқои Норинов гуфт, ки ба манзури ситондани ин бидеҳӣ аз ҷумлаи масъулони “Амонатбонк” дар вилояти Бадахшон ва кормандони интизомӣ ситоди вижае таъсис шудааст.
Толиб Айёмбеков, аз фармондеҳи саршиноси мухолифони давлати Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон дар замони ҷанги дохилии 1992-1997 маҳсуб мешуд.
Тобистони соли 2012 Додситони куллии Тоҷикистон ӯро ҳамроҳ бо Ёдгор Мамадасламов, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров дар қатли Абдулло Назаров, раиси бахши Кумитеи аманият дар шаҳри Хоруғи Бадахшон мазнун дониста буд.
Ба дунболи ин ҳодиса, рӯзи 24 июли соли 2012 дар шаҳри Хоруғ амалиёти нерӯҳои давлатии Тоҷикистон алайҳи фармондеҳони маҳаллии мухолифи давлат шурӯъ шуд, ки талафоти зиёди ҷонӣ дар пай дошт.
Ба дунболи ин ҳаводис ва нооромӣ дар Бадахшон, авохири моҳи августи ҳамон сол Имомназар Имомназаров, яке аз фармондеҳони бонуфузи маҳаллӣ, дар ҷараёни як даргирӣ кушта шуд.
Бо вуҷуди иттиҳомоти сангин, ки Додситонии кулли Тоҷикистон матраҳ карда буд, се тани дигар аз ин афрод ҳамчунон дар озодӣ ба сар мебаранд.
